Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

18.11.2017 17:34, шаҳри Гулистон

Имрӯз дар қароргоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Дар кори машварат вазъи иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, рафти корҳои ободонию созандагӣ, кишту кор, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, бартараф кардани камбудию мушкилоти ҷойдошта давоми даҳ моҳи соли 2017 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 

Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахшҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки тибқи таҳлилҳо дар нуҳ моҳи соли 2017 маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз, аз ҷумла саноат 33 фоиз афзоиш ёфта, мутаносибан ба 11,7 ва 7 миллиард сомонӣ баробар шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тайи даҳ соли охир дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 7,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Ҳоло дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, беҳдошти замину обтаъминкунӣ ва дигар соҳаҳои вилоят татбиқи 23 лоиҳа идома дошта, то имрӯз қариб 2,5 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст. Дар доираи татбиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020-ум бошад, 188 лоиҳа ба маблағи беш аз 11 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вазорату кумитаҳои дахлдор супориш доданд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар самти татбиқи босифату саривақтии барномаҳои гуногуни рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бартараф намоянд. Нишондиҳандаҳои даромади буҷетро таъмин, бақияпулиҳои андозро коҳиш дода, аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намоянд. Инчунин барои таъмин кардани маблағгузории лоиҳаҳои рушди инфрасохтор ва лоиҳаҳои дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Вазифаҳои дигар ҳамчунин вобаста ба иҷрои саривақтию босифати корҳои саҳроӣ, кишту кори такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парваришшуда, рушди соҳаи саноат, истифодаи пурраи иқтидорҳои саноатии корхонаҳои амалкунанда, бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифату воридотивазкунанда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи зарурии маводи озуқа, дода шуд.

Сарвари давлат аз афзоиши ҳолатҳои зиёди ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карда, баҳри аз байн бурдани чунин қонунвайронкуниҳо ба масъулин дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Супоришҳо ҳамчунин доир ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва фаъолияти мунтазами иншооти энергетикӣ, захираи маводи сухт дар давраи зимистонгузаронӣ, пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби истеъмолкунандагони вилоят дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҷинояту ҷинояткориро дар ҳудуди вилоят таҳлил намуда, вобаста ба ислоҳи камбудиҳо дар ин самт ва пешгирию коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар назди Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар кори машварат ҳисоботи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба натиҷаи фаъолияти бахшҳои хоҷагии халқи вилоят давоми соли 2017, рафти татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки сокинони меҳнатқарини вилоят минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ҳисси баланди миллӣ баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешбурди соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ бештар талош варзида, дар пешрафти ҷомеа саҳми босазо мегузоранд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520