Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нафт ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамар

01.10.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нафт ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Покистон Сайид Навид Қамарро, ки барои иштирок дар мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории рушдёбандаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Аз мўҳтавои ҳамкории солҳои ахир ва пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Нақшаҳои муштараки минтақавӣ оид ба бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА 1000 ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни ду кишвар маҳаки асосии ҳамкории бунёдии минбаъдаи Тоҷикистону Покистон маънидод гардид.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои дўстӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520