Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия Михаил Давидов ва Президенти Академияи саратоншиносии Украина Игор Шеботин

01.10.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия Михаил Давидов ва Президенти Академияи саратоншиносии Украина Игор Шеботинро, ки барои иштирок дар Анҷумани саратоншиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Михаил Давидов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш барои соҳаи тандурустӣ ва таҳкими дўстию ҳамкории миёни халқҳо Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохинро тақдим намуд.

Дар мулоқот оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Русияву Украина дар соҳаи тандурустӣ ва хусусан саратоншиносӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520