Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷў

01.10.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нерўи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷид Номҷўро, ки барои иштирок дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба ва мулоқоти вазирони энергетикаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.

Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба дар маҷмўъ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. ҳамзамон бо ин вусъати бештар ва хислати муназзам касб кардани ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷараёни иҷрои саривақтии тавофуқоти сершумори дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат матлуб дониста шуд.

Таъкид гардид, ки барои дар зимистони пешомад ба кор даровардани чархи якуми нерўгоҳи обии Сангтўда – 2 бояд аз тамоми имкону захираҳо истифода карда шавад.

Вусъат додани корҳо барои татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ оид ба пайванди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли барқи ду кишвар тавассути қаламрави Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520