Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад

30.09.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдуғафур Орзу Ахтармуҳаммад эътимоднома қабул намуд.

Зимни сўҳбати Сарвари давлат бо сафири нави Афғонистон, ки баъди маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, масоили ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Аз раванди густариши муносиботи ҳасана ва ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Афғонистон, пеш аз ҳама ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо таваҷҷўҳ ба ин ҷанбаи ҳамкорӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: - «Ҳалли қазияи Афғонистон аз бисёр ҷиҳат ба истиқрори иқтисодию иҷтимоии он вобаста мебошад. Аз ин ҷост, ки мо сатҳи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо Афғонистон ба таври ҷиддӣ боло бурданием».

Барои густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон ба имзо расондани созишномаҳо дар бораи ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ва дар бораи канорагирӣ аз пардохти андози дукарата зарур шумурда шуд.

Ҳарду ҷониб омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро оид ба бунёди роҳҳои минтақавии оҳану мошингард ва хатҳои интиқоли нерўи барқ аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳои минтақа тавассути қаламрави Афғонистон таъкид намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон омўзондани кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон таъкид намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тамоми имконоти муштараки мавҷуда истифода хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520