Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.09.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҳодисаҳои вақтҳои охир баамаломада, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар шунида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаҳои дар давоми моҳҳои охир рўйдода, аз ҷумла фирори маҳбусон аз тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнини дар қаламрави мамлакат содиршударо таҳти муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ, инчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар талаб намуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.

Бо мақсади ислоҳи қатъӣ ва ҳатмии камбудиҳои зикршуда ва бо дарназардошти вазъи ба вуҷудомада дар назди тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Аз ҷумла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлат таъкид гардид, ки вазъи оперативию ҷиноии тамоми қаламрави мамлакатро ҳарчи зудтар ба эътидол оварда, ҷиҳати таъмини амнияти давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва оромии мардуми кишвар, такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиён, тақвият бахшидан ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими мубориза бо гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда диққати махсус зоҳир намоянд ва самаранокии фаъолияти ҳамаи ҷузъу томҳои худро пурзўр созанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро огоҳ сохтанд, ки вазифаи ба зиммадоштаи худро бо дасту дили пок ва масъулияти баланд иҷро карда, қарзи худро дар назди давлат ва мардум дар сатҳи баланди касбӣ адо намоянд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, аз ҷумла амалҳои террористӣ ва кўшишҳои ифротгароёна ҳамеша омода бошанд ва бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳое, ки давлат дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ваҳдати миллӣ, сулҳу осудагии ҷомеа ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба оилаву пайвандони афсарону аскарони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҷараёни ҳодисоти вақтҳои охир фаъолона ва фидокорона ширкат доштанд, сипосу миннатдорӣ баён карданд, инчунин ба онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд, шифои комил хоста, таъкид сохтанд, ки барои ҳарчи зудтар дастгир ва безарар гардонидани ҷинояткорон ва ба ҷазои қонунӣ гирифтор намудани онҳо тамоми чораҳо андешида шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520