Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид

22.07.2010 15:00

Дирўз дар баробари қонунҳои дигар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, барои нашр пешниҳод гардид.

Қонуни мазкур дар иртибот бо вохўрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони ватанӣ аз 15 феврали соли 2010 ва иҷрои нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли ҷорӣ бармеоянд, қабул гардидааст. Тағйиру иловаҳои мазкур асосан ҷиноятҳои иқтисодиро фаро гирифта, мувофиқи онҳо таъин намудани ҷазои ҷарима дар ҳолати пурра пардохт намудани маблағи зарари расонидашуда пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки зарари молиявию иқтисодии расонидашуда ихтиёран, пурра ва саривақт ба соҳибмулк баргардонида шавад. Инчунин тағйиру иловаҳои воридгардида хусусияти башардўстона дошта, барои ислоҳи шахси ҷиноятсодиркарда бе маҳрум кардан аз озодӣ мусоидат мекунад.

Дар маҷмўъ бо ин мақсад ба 51 моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба моддаи 245 - Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, моддаи 246 - Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда, моддаи 253 - Расонидани зарари амволӣ бо роҳи фиреб ё сўистифодаи боварӣ, моддаи 257 - Тасарруфи воситаи фондҳои кўмаки хориҷӣ ва ғайра тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Қонуни ба имзорасида ҳамчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзу ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, беҳдошти фазои соҳибкорӣ ва таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст.

Амалӣ намудани қонуни мазкур барои пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидати бештаре хоҳад кард. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520