Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

03.07.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт машварат орост.

Оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷет дар шаш моҳи соли равон гузориши Вазири молия ва роҳбарони дигар сохторҳои масъул шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таъмини пурра ва саривақтии даромадҳо ба буҷети давлатӣ дар муддати 15 рўзи оянда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод карда шавад ва дар семоҳаи сеюми соли равон баҳри бартараф намудани қафомонии мавҷуда тадбирҳои судбахш амалӣ гарданд.

ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри ошкор кардани пинҳонсозии даромадҳо аз андозсупорӣ, пешгирии саркашӣ аз супурдани андозҳо ва сарфакорона истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки маошу нафақа дар соҳаҳои иҷтимоӣ саривақт ва пурра пардохт карда шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520