Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид Хуан Мендес

18.05.2012 13:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ шуд.

Хуан Мендес аз натиҷаҳои кори 10-рӯзаи худ дар Тоҷикистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла ба Ҳукумати кишвар барои ба ӯ муҳайё намудани ҳамаи шароити зарурӣ изҳори сипос кард. «Ба ман имкони боздид аз тамоми муассисаҳо ва мулоқот бо ҳамаи шахсоне, ки мехостам, дода шуд», - изҳор намуд Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид. «Гузашта аз ин роҳбарони сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои моро хуб пазируфтанд», - таъкид дошт ӯ.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Консепсияи рушди дурнамои қонунгузории Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид дошт, ки «ҳадафи асосии ин санад таъмини раванди такмили қонунгузорӣ тибқи усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки дар Конститутсияи кишвар муқаррар гардидаанд». Президенти кишвар ҳамчунин таъкид дошт, ки «Тоҷикистон дар марҳилаи тақдирсози таҳким ва такомули пояҳои истиқлолияти худ қарор дорад ва ҷавҳари сиёсати давлатии онро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд».

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро эътироф намуда, мафҳумҳои асосии онро ба Конститутсия ва дигар қонунҳои марбути худ ворид намудааст.

Чунонки иттилоъ дода шуд, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссия оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал мекунад, ки фаъолияти босамар дорад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон «дар ин раванд камбудиву мушкилот низ ҳанӯз мавҷуданд, вале муҳимтар аз ҳама мо ба таври қотеъ ва огоҳона маҳз ҳамин роҳ, - яъне таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро пеш гирифтаем ва ба ин роҳ содиқ мемонем».

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои марбутаи Созмони Милали Муттаҳид минбаъд низ дар ин раванд ба Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520