Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо мардуми ноҳияи Рўшон

24.06.2010 16:00, ноҳияи Рӯшон

Падарону модарони азиз!
ҳозирини гиромӣ!

Имрўз, ки мо дар арафаи таҷлили сездаҳумин солгарди ҷашни муборак ва муқаддаси халқамон Рўзи ваҳдат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ноҳияи пур аз меҳру муҳаббати Рўшон омадаем, ҳамаи шумо – ҳамватанони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегўям.

Рўшон дарвоқеъ диёри равшандилон мебошад ва шахсияти барҷастаи илму адаби тоҷик ҳаким Носири Хусрав ҳанўз дар асри XI ҳангоми ба мулки Рўшон омаданаш аз пазироии гарми мардуми он мутаассир шуда, дар ситоиши онҳо ин шоҳбайти машҳури худро эҷод кардааст:

Равшандилони Рўшон оинаи сафоянд,
Ғам аз дили ғарибон сайқал зада,
                                                      зудоянд.

Рўшониён табиатан аҳли фарҳангу маърифат, донишманду соҳибҳунар ва баору номус буда, мусиқиҳои суннатии беҳтарину рўҳнавози бадахшонӣ бештар маҳсули заҳмати фарзандони ин сарзамини зебоманзаранд. Фарзандони шўҳратманди ноҳияи Рўшон - Назаршо Додхудоев, ғоибназар Паллаев, Меҳрубон Назаров, Хушқадам Давлатқадамов, ғуломҳайдар ғуломалиев, Савсан Бандишоева, Гурминҷ Завқибеков, Хушбахт Хушвақтов, Нуқра Раҳматова, Азалшо Олимов, Раимқул Малахбеков ва даҳҳо нафар шахсиятҳои шинохта мебошанд, ки дар мақомоти баланди давлатӣ ва фарҳангу ҳунар барои халқу Ватан содиқона хизмат карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки баъди истиқрори сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон ҳамчун рамзи ҳамдигарфаҳмиву созиши ҳамагонӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Имрўз таҷрибаи ваҳдатсозӣ ва фарҳанги сулҳофарии тоҷиконро дар бартарафсозии муноқишаҳои шаҳрвандӣ бисёр давлатҳои дунё меомўзанд ва истифода мебаранд, ки ин нишонаи воқеии бо тамаддуни умумиҷаҳонӣ ҳамқадаму ҳаммаром гардидани миллати созандаву бунёдкори мо мебошад.

Бо шарофати пойдории ваҳдати миллӣ ва фазои сулҳу субот дар мамлакатамон марҳалаи созандагӣ ва дигаргуниҳои бунёдӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёт – ҳам дар сиёсату иқтисодиёт ва ҳам дар иҷтимоиёту фарҳанг фаро расида, барои рушди мамлакат, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон шароити мусоид фароҳам гардид.

Масалан, дар раванди бунёдкориву ободонии вилоят танҳо соли ҷорӣ барои сохтмони асосии ноҳияи Рўшон аз ҳисоби маблағгузории мутамарказ беш аз ду миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ҷумла имрўз – чанд лаҳза пештар дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Деҳрўшон мактаби нави замонавӣ барои 240 талаба бо тамоми шароити зарурӣ сохта, ба истифода супорида шуд.

ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро чун самти афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои таҳкими заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳбудии шароити кору таҳсили омўзгорону хонандагон ҳамеша ғамхорӣ менамояд.

Дар сиёсати иҷтимоии давлат дар баробари баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, инчунин омода кардани мутахассисони баландихтисос, ватандўсту ватанпараст низ мавқеи хоса дорад. ҳоло танҳо дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Рўшон 26 нафар донишҷўён, аз ҷумла 6 нафар дар асоси квотаи Президент таҳсил менамоянд.

Дар давоми солҳои 1997-2010 аз ноҳияи Рўшон беш аз 190 нафар тибқи квотаи Президент ба донишгоҳу донишкадаҳои мухталифи кишвар дохил шудаанд ва қисми зиёди онҳо таҳсилро хатм карда, ҳоло дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди мамлакат кор карда истодаанд.

Таъкид месозам, ки мо дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва ҳаллу фасли масъалаву мушкилоти муассисаҳои таълимиро бо вуҷуди бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ идома медиҳем. Масалан, ғайр аз мактаби Деҳрўшон се мактаби наву замонавии дигар - дар деҳаи Баҷу барои 120 хонанда ва дар деҳаҳои Пасору Япшорв барои 100-нафарӣ сохта, ба истифода супорида шуд. Дар айни замон сохтмони бинои шўъбаи корҳои дохилии ноҳия ва мактаб дар деҳаи Ачирхи аз ҳисоби маблағҳои буҷет идома дорад.

ҳамзамон бо ин, барои таъмири асосии беморхонаи марказӣ, азнавсозии бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Вамд, Баррўшон ва як қатор марказҳои саломатии ноҳия то ба имрўз хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

ҳамчунин ҷиҳати ободу зебо гардонидани ноҳия дар Деҳрўшон маркази хизматрасонии маишӣ сохта ва мавриди истифода қарор дода шуд. Бояд гуфт, ки маркази мазкур ва дигар иншооти ба истифода супоридашуда, пеш аз ҳама, омили пайдоиши ҷойҳои нави корӣ буда, даҳҳо нафар одамонро бо шуғли доимӣ фаро мегиранд.

Дар баробари ин, ҳоло дар ноҳия як қатор иншооти дигар, аз ҷумла интернати ҷумҳуриявӣ барои 650 талаба сохта шуда истодааст.

ҷиҳати дар мўҳлати муқарраргардида сохта ба истифода додани мактаб-интернати мазкур ба Вазорати маориф ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия зарур аст, ки ба корҳои сохтмонӣ суръати тоза бахшанд.

Дўстони азиз!

Шумо хуб медонед, ки соли ҷорӣ бинобар офатҳои табиӣ сокинони баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи шумо низ зарари ҷиддӣ диданд.

Дар натиҷаи боришоти зиёд дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рўшон як қатор хонаи истиқоматӣ, муассисаҳои иҷтимоиву маишӣ, роҳу пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва иншооти ирригатсионӣ хароб гардиданд. ҳукумати мамлакат барои барқарор намудани онҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Мо минбаъд низ барои вусъати корҳои созандаву бунёдкорӣ дар ноҳия ҳамаи чораҳои заруриро андешида, дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии он тамоми захираву имкониятҳоро мариди истифода қарор медиҳем. Ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик сатҳу сифати рўзгори халқамон, аз ҷумла сокинони Рўшонро хеле баланд бардошта, Тоҷикистони азизи худро ба як мулки обод ва давлати пешрафта табдил медиҳем.

Мо барои татбиқи барномаҳои стратегиву ояндасози худ– расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ захираву имкониятҳои заруриро дорем.

Вале боигариву сарвати қиматтарини мо давлати соҳибистиқлол, Ватани соҳибихтиёр ва муҳимтар аз ҳама мардуми заҳматкашу қавиирода, сарбаланду солори тоҷик, аз ҷумла шумо - сокинони Бадахшон мебошед, ки ҳама гармиву сардиҳои зиндагиро бо азми қавиву иродаи шикастнопазир паси сар мекунанд.

Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки ба хотири расидан ба ҳадафҳои неки пешгирифтаамон мо бояд шукронаи истиқлолият ва давлати мустақиламонро ба ҷо орем, ваҳдати миллиамонро, ки шарти асосии бақои миллат ва далатамон мебошад, эҳтиёт кунем ва онро бо фаъолияти созандаи худ тақвият бахшем.

Итминон дорам, ки шумо – сокинони меҳмондўсту сарбаланди ноҳияи Рўшон бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои имрўзу оянда, эҳсоси гарми ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ минбаъд низ ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибихтиёр ва рушди давлати соҳибистиқлоли худ саъю талош мекунед.

Бо изҳори ҳамин орзуву ниятҳои нек ҳар яки шуморо бори дигар ба муносибати Рўзи ваҳдати миллӣ - ҷашни ҳамдиливу ҳамбастагии халқи Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тансиҳатӣ, бахту саодат ва рўзгори хушу осуда мехоҳам.

Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520