Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

21.06.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаи роҳсозӣ машварати корӣ доир намуд.

Оид ба рафти иҷрои корҳо ва истифодаи ҳадафманди маблағҳои ҷудогашта Муовини якуми сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар шахсони масъул ахбор доданд.

Зимни гузоришҳо аз ҷумла зикр гардид, ки корҳои навсозӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, ғайр аз нақби Шаҳристон анҷом ёфтаанд. Роҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-Саритош низ ғайр аз қитъаи 45 километраи ҳудуди ноҳияи Нуробод то даромадан ба ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол асосан омода гаштааст. Ҳаракат дар қитъаи қарамиқи роҳи Душанбе- Саритош низ, сарфи назар аз он, ки ҳоло мумфарш нашудааст, таъмин аст. Корҳо баҳри навсозии роҳи Душанбе-Данғара ва кандани нақби Чормағзак муташаккилона ба роҳ монда шудаанд. Барои сохтмону навсозии қитъаи 40 километраи Шўрообод-Анҷироб-Шоҳон- Зиғари роҳи Кўлоб - Қалъаи Хумб бо 3 пули азим, ки яке аз онҳо беш аз 300 метр дарозӣ дорад, аз ҷониби Бонки Исломии Рушд, фонди ОПЕК ва фондҳои як қатор кишварҳои арабӣ 92,9 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст ва ба наздикӣ бо интихоби иҷрокунандагони лоиҳа корҳои сохтмонӣ оғоз меёбанд. Бо анҷоми сохтмону навсозии ин қитъа роҳи Кўлоб - Қалъаи Хумб дар сатҳи ҷаҳонӣ пурра омода хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа дастур дод, ки ҳамчунин барои дар сатҳи баланд навсозӣ кардани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Душанбе-Қурғонтеппа-Данғара, Душанбе-Қурғонтеппа-Дўстӣ, Айнӣ-Панҷакент ва Хуҷанд-Исфара низ лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҳия ва пешниҳод карда шаванд.

Тибқи супориши дигари Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кандани нақби Шаҳристон бояд то охири соли равон ба поён расад.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри таъмини робитаҳои доимии нақлиётӣ ба чор сўйи олам пайваста тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520