Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравиню

08.06.2010 15:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравинюро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла норасоии оби тоза дар бисёр минтақаҳои сайёра, истифодаи сариштакорона ва босамари захираҳои обию энергетикӣ ва муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Португалия баррасӣ шуд.

Таҷрибаи Португалия дар ҳаллу фасли баҳсҳои обӣ бо ҳамсоягонаш баҳри дарёфти роҳҳои барои ҳама мақбули истифода аз захираҳои обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ гардид.

Таъкид карда шуд, ки дар замони татбиқи даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», ки бо пешниҳоди Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2005-2015 эълон гаштааст, бояд масоили ҳадафҳои рушди ҳазорсола доир ба дастрасӣ ба оби тоза ҳалли худро ёбанд.

Зимни баррасии масоили ҳамкории дуҷонибаи Котиби давлатии Португалия Жоао Гомеш Кравиню омодагии кишварашро баҳри бо Тоҷикистон ба имзо расондани созишнома оид ба бекор кардани андозбандии дукарата таъкид намуд, ки ба ташвиқи соҳибкорони Португалия ба сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Точикистон равона хоҳад шуд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки Португалия омода аст, дар сармоягузории лоиҳаҳои судманди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи гидроэнергетика ва истеҳсоли нерўи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда иштирок намояд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба як қатор масоили дигари вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520