Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонон

22.05.2012 17:30, шаҳри Душанбе

Фарзандони азиз!

Шумо – ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик мегӯям.

Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи ҷавонон дар соли истиқболи ду ҷашни муқаддасу таърихии мо, яъне 15 - солагии Ваҳдати миллӣ ва бистсолагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст.

Ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад. Зеро ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо аз шумо – насли ояндасози кишвар умеди калон дорем. Ҳар тадбире, ки дар мамлакат амалӣ карда мешавад, пеш аз ҳама, барои беҳбудии ҳаёти ҷавонон ва ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Боиси ифтихор аст, ки ҳисси ватандориву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонони мо торафт боло рафта, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишварамон сол аз сол тақвият меёбад. Дар ин раванди созандаву неки иҷтимоӣ ҷавонон бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки маҳз наслҳои дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди тамаддунсози хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмиву адабӣ буданд, зинда доранд ва бо такя ба хираду таҷрибаи ниёгони сарбаландамон асри тиллоии миллати хешро бори дигар эҳё намоянд.

Бо итминон метавон зикр намуд, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.

Бори дигар ҳамаи шумо – нерӯи созандаи кишварро ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон саломатии бардавом, бахту иқболи нек ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон пирӯзиҳои тоза таманно дорам.

Орзумандам, ки ҳамеша номбардори арзандаи Ватани хеш бошед!

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520