Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сухани ифтитоҳӣ дар Анҷумани соҳибкорон дар ҳошияи Конфронси панҷуми RECCA-V.

26.03.2012 11:00, шаҳри Душанбе

Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон,
Ҷаноби Олӣ доктор Маҳмуди Аҳмадинажод, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Ҷаноби Олӣ Осиф Алӣ Зардорӣ,
Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон,

Мӯҳтарам иштироккунандагони Анҷуман,
Дӯстони гиромӣ,

Бо камоли эҳтиром ҳузури Шуморо дар Анҷумани имрӯзаи иқтисодӣ, ки бо ташаббуси доираҳои тоҷирону соҳибкорони кишварҳои мо баргузор мегардад, хайра мақдам мегӯям.

Итминон дорам, ки мулоқоту муколамаи созандае, ки дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши имрӯза сурат мегиранд, ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо, аз ҷумла дар арсаи робитаҳои иқтисодӣ мусоидати фаъол хоҳанд намуд.

Мову Шумо хуб медонем, ки тамоми маҷмӯи муносиботи байнидавлатӣ пеш аз ҳама дар пояи равобити байни ашхос дар сатҳҳои мухталиф ба роҳ монда мешаванд. То чӣ андозае ин робитаҳо васеъ бошанд, то ҳамон андоза муносибатҳои байни кишварҳо тақвият меёбанд.

Дар ин раванд нақши соҳибкорону тоҷирон басо муҳим ва муассир арзёбӣ мегардад.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт имкон медиҳанд, ки манфиатҳои тарафҳо бо ҳам пайванд ва омезиш ёфта, шароити мусоид барои расидан ба ҳадафҳои волои муштарак - рушди умумӣ ба манзури зиндагии шоистаи мардумонамон фароҳам оварда шавад.

Ҳамин аст, ки муносибатҳои дӯстонаи кишварҳои мо аз оғози истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни амиқ касб намуда, имрӯз бахшҳои зиёди фаъолияти иқтисодиро фаро гирифтаанд.

Имрӯз халқҳои дӯсту бародар ва ҳамҷавори моро дар қатори фазои ягонаи фарҳангию тамаддунӣ ва умумияти таърихӣ омилҳои зиёди иқтисодию иҷтимоии ҷавобгӯи манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба ҳам мепайванданд.

Дар ин замина мо пайваста силсилаи иқдомҳои моҳиятан муҳимро, ки ба таҳким ва тавсеаи доираи ҳамкориҳои фароху мутақобилан судманди кишварҳоямон нигаронда шудаанд, пиёда мегардонем.

Намоишгоҳ ва Анҷумани имрӯзаи соҳибкорон, ки дар доираи Конфронси панҷуми RECCA - ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон доир мегарданд, ҳалқае аз силсилаи чунин рӯйдодҳои амалӣ ҳастанд.

Ҳадаф аз ин чорабиниҳо қабл аз ҳама мусоидат ба рушди устувор ва ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад.

Ҳамзамон, онҳо ба муаррифии имкониятҳои воқеии иқтисодиёти кишварҳои мо дар ин самт нигаронда шудаанд.

Бамаврид аст зикр намоем, ки ду намоишгоҳи дастовардҳои иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки қаблан дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буданд, доираи робитаҳо ва ҳамкориҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду кишварро ба таври назаррас васеъ гардониданд.

Имрӯз ширкатҳои зиёди муштараки мо дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон кору фаъолият намуда, саҳми худро дар густариши робитаҳои судманди кишварҳоямон гузошта истодаанд.

Бовар дорам, ки чорабиниҳои имрӯза низ ба ин раванд такони тоза бахшида, дар маҷмӯъ ба ривоҷу равнақи муносибатҳои дӯстии кишварҳои мо мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Ҳозирини мӯҳтарам,

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодию иҷтимоиро ба манзури бунёди заминаи низоми навини иқтисодиёт ва таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум амалӣ намуда, ба таъсиси коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт, навсозӣ ва босамар намудани фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва ворид намудани технологияҳои нав таваҷҷӯҳи хоса дорад.

Бо дарназардошти мавҷудияти захираҳои ашёи хоми хушсифат дар кишвар як силсила барномаҳои рушди соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт пайгирона амалӣ мешавад.

Имрӯз, бинобар маҳдуд будани имкониятҳои коркарди саноатӣ ҳамагӣ 11 дар сади нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода шуда, боқимондаи он чун ашёи хом ба хориҷи кишвар содир карда мешавад, ҳамзамон миқдори зиёди пашм, пилла, меваҷот ва сабзавот талаф меёбад.

Тибқи барномаҳои мазкур дар кишвар бунёди як зумра корхонаҳои коркарди ин маҳсулот дар назар аст.

Бо дарназардошти мавҷудияти шароити лозимӣ ва қувваи кории соҳибкасби нисбатан арзон ин коргоҳҳо, бахусус дар соҳаҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ ва ғайра судовар хоҳанд буд.

Дар ин соҳаҳо имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ дар арсаи сармоягузорӣ ва фаъолияти судманд бо кишварҳои ҳамҷавор ва умуман бо шарикони байналмилалии минтақавии мо мавҷуд ҳаст.

Ба ин манзур ёдовар шудан аз захираҳои зиёди металлҳо, аз ҷумла нуқра, тилло, мис ва навъҳои гуногуни сангҳои қиматбаҳо низ бамаврид аст. Истихроҷ ва коркарди онҳо ҳамчунин арсаи ҳамкории босамар ва судовари иқтисодист.

Ҳамзамон, мехоҳам таваҷҷӯҳи Шуморо ба барномаҳои афзалиятноки иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика ва нақлиёт, ки манфиати бузург ва дарозмуддати иқтисодӣ доранду дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, ҷалб намоям.

Барномаҳои энергетикии мо, бахусус бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар шароити имрӯза бартарии возеҳи иқтисодӣ ва стратегӣ доранд.

Масалан, бунёди се нерӯгоҳи бузурги Роғун, Шӯроб ва Даштиҷум бо сармоягузорӣ дар ҳудуди шаш миллиард доллар имкон медиҳад беш аз 32 миллиард киловатт соат барқ дар як сол истеҳсол карда шавад. Масорифи онҳо дар муддати кӯтоҳ бароварда мешавад.

Татбиқи ин лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни кишварҳои минтақа ва қисмати шимолии Осиёи Ҷанубӣ ба қувваи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон таъмин гардида, заминаи мустаҳками рушди босуръати соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва инфрасохтори онҳо фароҳам оварда шавад.

Дар лоиҳаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла CASA-1000 бошад, ба ҳам пайвастани иқтидорҳои тавлидии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо истифодабарандагони нерӯи барқ дар Афғонистон ва Покистон дар назар аст.

Барномаи дигари дорои аҳамияти стратегӣ – сохтмони хатти интиқоли барқи Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад мебошад.

Онро ҳам мехоҳам таъкид намоям, ки бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ иловатан имконият медиҳад, ки тақрибан ду миллион гектар замин дар қаламрави Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ обёрӣ карда шавад.

Самти дигари муҳим ин таҷдид ва сохтмони роҳҳо, пулҳо, лӯлаҳо ва шабакаҳои об, нафт ва газ мебошанд.

Дар ин самт мехоҳам лоиҳаи бузург ва ниҳоят муҳими сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон - Эронро, ки ҳамкории васеъ ва созандаро тақозо дорад, номбар намоям. Татбиқи ин лоиҳа тавассути дар оянда пайваст намудани он бо шабакаи роҳҳои оҳани Покистон имкон медиҳад, ки чор кишвар суди бузурги иқтисодӣ ба даст оранд.

Барои мисол мо солона беш аз 400 ҳазор тонна алюминий содир менамоем ва ҳудуди 800 ҳазор тонна гилхок ворид месозем. Маблағи умумии онҳо беш аз якуним миллиард доллар мебошад.

Дар мавриди татбиқи лоиҳаи номбаршуда имконияти транзити ин маҳсулот тавассути қаламрави Афғонистон, Эрон ва Покистон пайдо мешавад.

Дӯстони гиромӣ,

Тавре ки мебинем, ҳадафҳои барои ҳама судманди мо бузург ва наҷибанд. Бар мост, ки бо иродаи возеҳ ва матин, талошу ғайрати дучанд, ҳусни ният ва амали неки созанда кохи бузурги ҳамкориро тавре таҳким бахшем, ки ба қавли ҳакими бузургамон Абулқосими Фирдавсӣ аз «боду борон ва ҳаводиси рӯзгор газанд наёбад».

Бо чунин умедҳои нек ба ҳамаи ҳозирин барои иштироки фаъол дар чорабинии имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, ба кори он натиҷаҳои пурсамар ва ба ҳамагон комгориву пирӯзиҳои навин таманно менамоям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520