Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арабии Сурия Валид ал-Муаллимро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, қабл аз ҳама татбиқи амалии санадҳои зимни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сурия имзошуда, баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки баҳри истифодаи босамар аз имкону захираҳои фарохи ҳамкорӣ бояд равобити судманди дуҷониба ривоҷ дода шаванд.
Валид ал-Муаллим дар шаҳри Душанбе баргузор шудани иҷлосияи навбатии Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломиро фоли нек аз оѓози марҳилаи нави муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои мусулмонӣ арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба авзои кунунии Шарқи Наздику Афѓонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия Башшор Асад ба Тоҷикиcтон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.