Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш

17.05.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Дар вохўрӣ бо Котиби давлатии Марокаш оид ба корҳои хориҷӣ ва ҳамкорӣ хонум Латифа Ахарбаш масоили густариши робитаҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Латифа Ахарбаш нахуст салому паёми Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашумро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳавасмандии зиёди ўро таҳким ва густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо расонд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз муштаракоти зиёди тьаърихию фарҳангӣ бо кишварҳои арабӣ, аз ҷумла изҳор дошт: - «Мо медонем, ки Марокаш чӣ дар чорчўбаи Созмони Конфронси Исломӣ ва чӣ дар минтақаи Маѓриби арабӣ соҳиби нуфузи бузург аст ва мо ба таҳкими робитаҳои ҳасана бо он манфиатдорем».

Ҳарду ҷониб омодагии худро ба ташкил ва густариши муносибатҳои густурдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо салому паём даъват намуд, ки Подшоҳи Марокаш Муҳаммади Шашум ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520