Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзада Малик Амад Хан

17.05.2010 16:30, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Наватзада Малик Амад Хан масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон, ки тобистони соли гузашта ҷараён гирифта буд, баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки он «дар муносибатҳои байнидавлатии мо марҳилаи нав боз намуд» ва таъкид кард, ки «барои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба бояд Барномаи мушаххаси дарозмуддати ҳамкориҳо таҳия ва қабул гардад».

Барои ин ҷоннок намудани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур шумурда шуд.

Соҳаи энергетика самти афзали ҳамкориҳои бунёдии иқтисодӣ номида шуд. Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии лоиҳаи кашидани хатти интиқоли барқи КАСА-1000 ва имконоти бунёди корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати сабук ва хўрокворӣ сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили амнияти минтақавӣ ва омодагӣ ба мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон ва Афғонистону Россия, ки тобистони имсол дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия баргузор хоҳад гашт, зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520