Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ

17.05.2010 16:00, шаҳри Душанбе

Дар сўҳбат бо Мудири кулли Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) Абдулазиз ибни Усмон Ат-твайҷирӣ аз ҳамкории густурдаи ин созмон бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, ки дар самти эҳё ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, осори пурғановати хаттӣ, аз ҷумла дастхатҳои нодири бостонӣ ва ҳамчунин кўмак ба олимону омўзгорони тоҷик дар корҳои илмию таълимӣ ба назар мерасад, баҳои баланд дод.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо дастгирии молиявии ИСЕСКО баҳри омўзиш ва бозомўзии донишҷўён ва олимону омўзгорони тоҷик ва татбиқи корҳои илмию амалии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои зиёд ба сомон расонда шудаанд.

Таъкид гардид, ки «пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон шудани шаҳри Душанбе ба ҳамкории бештару босамари Тоҷикистон бо Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф ва кишварҳои сершумори мусулмонии олам мусоидати фаъол хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520