Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мисри Араб Усмон Муҳаммад Усмон

17.05.2010 15:10, шаҳри Душанбе

Дар мулоқот бо Вазири рушди иқтисоди Ҷумҳурии Мисри Араб Усмон Муҳаммад Усмон масоили ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт:, «айни ҳол вақти он фаро расидааст, ки механизми самарабахши татбиқи амалии санадҳои дуҷонибаро роҳандозӣ намуда, барои иҷрои пурраю саривақтии онҳо талоши муштараки ҳадафмандона намоем».

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, дорусозӣ, фарҳанг ва туризм таъкид намуданд.

Ба иштирок дар бунёди нерўгоҳҳои обӣ чун самти дорои дурнамои умедбахш дар ҳамкории судовари иқтисодӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки дорусозӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

Барои густариши бештари ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ифтитоҳи Сафорати мустақили ҷумҳурии Мисри Араб дар шаҳри Душанбе ва хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва қоҳира матлуб дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520