Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғли

17.05.2010 14:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсонуғлиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмон ва татбиқи амалии санадҳои дар саммитҳои сарони двлатҳо қабулшуда баррасӣ шуд.

Ба гуфти Акмалиддин Эҳсонуғлӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин давлатҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ аст, ки баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ба узвияти Созмони конфронси исломӣ қабул шуд ва дар ин минтақа ягона давлатест, ки аз иҷлосияи 7-ум ин ҷониб дар ҳама ҳамоишҳои сатҳи олии ин созмон фаъолона иштирок мекунад.

Мубодилаи судманди афкор оид ба раванди болоравии нуфузу эътибори Созмони конфронси исломӣ дар ҷаҳон, татбиқи Барномаи даҳсолаи амал, Ойинномаи нави Созмон ва доир ба фаъолияти Фонди ҳамбастагии исломӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Созмони конфронси исломӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир таваҷҷўҳи хос зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: - «Мо ҷонибдори болоравии нақши Созмон дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои доѓи ҷаҳони ислом, густариши ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, тундгароӣ, ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошем».

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, мусоидати фаъол ба гуфтугўйи миёни тамаддунҳо ва густариши ҳамкории созанда бояд аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони конфронси исломӣ ва ҳама созмонҳои дигари манфиатдор бошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520