Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳаён

17.05.2010 13:30, шаҳри Душанбе

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб шайх Абдуллоҳ ибни Зоид Оли Наҳаён, ки бо сафари расмӣ ва ҳам барои иштирок дар Иҷлосияи 37 – уми Созмони Конфронси Исломӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Гуфтугўйи судманд оид ба татбиқи амалии санадҳои сершумори қарордодию ҳуқуқӣ, аз ҷумла 7 санаде, ки зимни ду сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба имзо расидаанд, сурат гирифт.

“Аморот дар байни кишварҳои араб имрўз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад”, - бо қаноатмандӣ изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон бо ин густариши ҳамкории бунёдии иқтисодӣ тавассути таъсиси гурўҳҳои муштарак ва тартиб додани нақшаи амал зарур шумурда шуд. Зарурати имсол гузарондани маҷлиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии ду кишвар оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ таъкид гардид.

Таъсиси муассисаҳои муштараки гусфандпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсол ва содироти меваю сабзавот ва иштироки сармоягузорони Амороти Муттаҳидаи Араб дар татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷму судовари инфрасохтории Тоҷикистон мувофиқи матлаб дониста шуд.

Ҳарду ҷониб ҳамчунин ба ифтитоҳи сафоратҳои мустақил дар пойтахтҳои якдигар изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520