Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ

17.05.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Дар Қасри Миллат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як қатор меҳмонони олимақомро, ки баҳри иштирок дар Иҷлосияи 37 – уми Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Аҳмад Муҳаммад Алиро ба ҳузур пазируфта, ин ниҳоди бонуфузи молиявии минтақавиро «яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон” арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки тайи солҳои гузаштаи ҳамкорӣ аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ба Тоҷикистон зиёда аз 180 млн. доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок ва 2,5 млн. доллари амрикоӣ грантҳо ва кўмаки техникӣ ҷудо гаштааст.

Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми аз офатҳои пайдарпайи табиӣ зарардидаи Тоҷикистон, ба хусус аҳли хонавода ва наздикони шахсони талафёфта изҳори тасаллияту ҳамдардӣ карда, омодагии Бонки Исломии Рушдро баҳри расондани кўмакҳои башардўстона таъкид намуд. Ў аз ҷумла изҳор дошт, ки барои омўзиши ҳаҷми зарар ва кўмаки зарурӣ ба Тоҷикистон як гурўҳи кории Бонки Исломии Рушд фиристода мешавад ва таъкид дошт, ки “кўмак бештар ба кишоварзон расонда хоҳад шуд, то ки киштзорҳои зарардидаи онҳо барқарор карда шаванд”.

Зимни сўҳбат оид ба имконоти маблағгузории лоиҳаҳои стратегии Тоҷикиситон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ, хатҳои интиқоли нерўи барқ, роҳу пулҳо, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, саноат, маориф ва тандурустӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки “Бонки Исломии Рушд дар сармоягузории бунёди нерўгоҳҳои обии Тоҷикистон нақши намоён хоҳад дошт, зеро ин гуна нерўгоҳҳо манбаъи истеҳсоли нерўи арзон, таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар мебошад”.

Ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо дигар аъзои Гурўҳи Бонки Исломии Рушд, ба мисли Корпоратсияи исломии су?уртаи сармоягузориҳо ва қарзҳои содиротӣ, Корпоратсияи исломӣ оид ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷўҳи хос зоҳир гардид.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои пазироии самимии ҳамоиши Вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520