Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии туризм Талеб Рифаи

03.05.2010 17:30, шаҳри Душанбе

Худи ҳамин рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии туризм Талеб Рифаиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ бо Созмони ҷаҳонии туризм ва дурнамои рушди ин соҳа дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки дар замони муосир соҳаи туризм ба яке аз бахшҳои му?ими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст ва метавонад ба рушди бемайлони мамлакатҳо ва равобити судманди миёни мардумони гуногун мусоидат намояд. Таъкид карда шуд, ки айни ҳол 10 дарсади маҷмўи маҳсулоти умумиҷаҳонӣ аз ҳисоби туризм таъмин мегардад ва қариб 250 миллион нафар дар ин соҳа кор мекунанд.

Талеб Рифаӣ ба имконот ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки ба наздикӣ баҳри тавсиаи ҳамкорӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иқтидори туристии ин кишвари кўҳистон миёни Созмони ҷаҳонии туризм ва Тоҷикистон як созишнома бояд ба имзо расад.

Ба гуфти Талеб Рифаӣ, сарватҳои асосии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳон осори таърихию фарҳангии пурғановату бостонӣ, табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмоннавозу хушсалиқаи он аст.

Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши ҳамкории судманд ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520