Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машаварати корӣ

03.05.2010 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои марбута ва шахсони дигари дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд ва рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи ногувори зиндагии мардуми аз боришоти боронҳои сел зарардида, хусусан дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарор намудани роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ барои зиндагии муқаррарии мардум чораҳо андешанд.

Ба ҳукумати мамлакат ва Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки дар паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, зери назорати доимӣ бигиранд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба татбиқи босамари лоиҳаҳои инвеститсионии давлатӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520