Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия

30.04.2010 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои фармон Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсияро тасдиқ намуд.

Тадбирҳои мазкур дар асоси Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» таҳия шуда, масъулияти иҷрои онҳо, пеш аз ҳама, ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мегардад, ки оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии зиддикоррупсионӣ дар зарфи 3 моҳ нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намуда, татбиқи амалии онро таҳти назорати доимӣ қарор диҳад.

Тадбирҳои иловагии мазкур аз мукаммалу мувофиқ намудани санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла як зумра кодексу қонунҳо, такмили идоракунии давлатӣ, иштироки аҳли ҷомеа дар мубориза бо чунин падидаи номатлубу нангин ва пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат аст.

Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия, пеш аз ҳама, ба ошкор ва бартараф намудани шароити пайдоиши коррупсия, беадолатӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи инсон равона гашта, амалисозии онҳо ба таҳкими амнияти давлат, таъмини тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва болоравии обурўву нуфузи байналмилалии кишвар мусоидати фаъол мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520