Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдурраҳмон Малик

29.04.2010 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Покистон Абдурраҳмон Маликро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамгироӣ дар мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи байналмилалӣ, аз ҷумла терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз самтҳои асосии ҳамкории ду кишвар арзёбӣ гардид.

Аз равобити пайваста ва ҳамкории сеҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Покистон ва Афғонистон ва чорҷониба бо ҳамроҳшавии Федератсияи Русия, ки рў ба густариш доранд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Гуфтугўйи судманд ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории иќтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитии Тоҷикистону Покистон сурат гирифт. Ба гуфти Абдурраҳмон Малик, Тоҷикистон метавонад аз иќтидори транзитии бандари Гвадари Покистон бемонеа истифода барад.

Татбиқи лоиҳаи КАСА – 1000 оид ба бунёди хатти 500 киловолтаи интиќоли нерўи барќ аз Тоҷикистон ба Покистон дорои аҳамияти ҳаётан муҳим барои ҳарду давлат ва дигар кишварҳои минтаќа маънидод гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520