Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Филип Ли Уэру

29.04.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Филип Ли Уэруро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷўҳи асосӣ ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумор зоҳир гардид.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ 35 лоиҳа татбиқ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Филип Ли Уэру Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои андешидани чораҳои муассири зиддибўҳронӣ ва расидан ба нишондодҳои мусбии рушди иҷтимоию иқтисодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки Бонки умумиҷаҳонӣ моҳи июни соли равон масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагиро барои дастгирии буҷети давлатӣ баррасӣ хоҳад кард.

Аз боздиди ҳайъатҳои бонуфузи Бонки умумиҷаҳонӣ аз мавзеи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва оғози корҳои ташкилӣ баҳри асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди ин иншоот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба гуфти Филип Ли Уэру «нерўгоҳи Роғун натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад». Аз ин хотир таъкид гардид, ки асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии ин лоиҳа таҳти назорати бевоситаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар сатҳи баланду эътимодбахш анҷом дода мешавад, то ки ҳама гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии он бартараф карда шавад.

Гуфтугўйи судманд оид ба дастгирии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла бахши пахтакорӣ сурат гирифт.

Таваҷҷўҳи зиёд ба ҳаллу фасли мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод гаштаанд ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520