Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

12.04.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳо ва як зумра ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми соли равон, рафти сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вусъати киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ба зимистони оянда баррасӣ шуд.

Оид ба зарари аз офатҳои табиии рўзҳои охир расида Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар натиҷаи боришоти зиёди рўзҳои охир ба хоҷагии халқи ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Шурообод, Балҷувон, Ховалинг, Ҳисор, Файзобод, Ғончӣ ва Истаравшан хисороти калон ворид шуд. Аз ҳама хисороти зиёд дар натиҷаи аз маҷрои худ берун омадани дарёи Сурхоб дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба миён омадааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз ҷониби комиссияи ҳукуматӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва ҷалби захираҳои дохилию хориҷӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ саривақт андешида шаванд.

Доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳа, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов, Вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигарон ахбор доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10% ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3% афзун шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба афзоиш додани ҳаҷми коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пашму пўст дар дохили кишвар тадбирҳои судбахш андешида шаванд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин оид ба расондани кўмакҳои саривақтӣ ба деҳқонон баҳри вусъати киштукори баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки омодагӣ ба зимистони оянда низ аз ҳозир бояд оғоз гардад.

Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки ба ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон сафар карда, бо рафти бартарафсозии оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ, ки рўзи 2 январи соли равон рух дода буд, шинос шаванд ва баҳри тезондани корҳо барои дар ҷойҳои бехавф ҷобаҷосозии аҳолии бехонамонда ва муҳайё намудани шароити зарурӣ дар маҳалҳои нави зисти онҳо тадбирҳо андешанд. Онҳо ҳамчунин дастур гирифтанд, ки аз рафти сохтмони иншооти сершумори соҳаҳои гуногун дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дидан карда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520