Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг

12.04.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор доир ба Тоҷикистон Аксел Шиммелпфеннигро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо ин муассисаи ҷаҳонии молиявӣ баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили татбиқи барномаи ҳамкорӣ барои соли 2010 ва барномаи дарозмуддат, нишондодҳои рушди макроиқтисодии Тоҷикистон, механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва бартарафсозии монеаҳо дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Ба гуфти Аксел Шиммелпфенниг, Тоҷикистон дар соли 2009 барои коҳиш додани таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба натиҷаҳои хуб расид ва дар соли 2010 низ нишондодҳо умедворкунандаанд. «Афзоиши маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли равон бояд ба 4% расад», таъкид дошт Роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор.

Гуфтугўйи судманд оид ба механизми маблағгузории сохтмони нерўгоҳи Роғун ва таъсири он ба нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар сурат гирифт. Аксел Шиммелпфенниг аз он, ки миёни Тоҷикистон ва Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологии нерўгоҳи Роғун санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки зери назари Бонки умумиҷаҳонӣ гузаштани лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти бузург эътимоднокии онро афзун менамояд. «Баъди омода гаштани ташхиси лоиҳаи нерўгоҳи Роғун Бонки умумиҷаҳонӣ метавонад ба Тоҷикистон ҳамчунин дар ташкил додани консорсиуми байналмилаллӣ баҳри маблағгузории сохтмони он кўмак расонад».

Дар робита ба монеъ шудани Узбекистон ба рафтуомади озоди қатораҳои Тоҷикистон Аксел Шиммелпфенниг аз ҷумла изҳор дошт: «ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аъзои Хазинаи байналмилалии асъор мебошанд ва яке аз шартҳои асосии узвият ба ин хазина дастгирии тиҷорати озод аст. Аз ин хотир ин масъаларо мо бо Узбекистон низ баррасӣ карда, ба ҳалли ин мушкилӣ мусоидат мекунем».

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520