Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Дабири кулли СММ Юрий Федотов

31.05.2012 12:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Дабири кулли СММ, Мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати мазкури Созмони Милали Муттаҳид дар самти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири олам баррасӣ гардиданд.

Ҷонибҳо аз ҷараёни рушди мунтазами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тавре Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохт, “Тоҷикистон пурра тарафдори муборизаи муштарак алайҳи таҳдиди қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона буда, манфиатдори тақвияти минбаъдаи он аст”. “Дар ҷодаи расидан ба ин мақсадҳо, мо омодаем тамоми чораҳои заруриро андешем”, - афзуд ӯ.

Президенти Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро дар таҳкими иқтидори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, дар мубориза алайҳи қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баланд арзёбӣ намуд.

Қайд гардид, ки намунаи самаранокии чунин талошҳо фаъолияти муассири Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад.

Дар ҷамъбасти мулоқот Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрози умедворӣ намуд, ки Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ минбаъд низ ҷиҳати тавсеаи имконоти Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир ҷаҳду талош хоҳад варзид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520