Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷаноби Гурбонгули Бердимуҳаммедов ба муносибати пирўзиаш дар интихоботи Президенти Туркманистон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:
Мўҳтарам Гурбонгули Маликқулиевич,
Ба муносибати пирўзии комилатон дар интихоботи навбатии Президенти Туркманистони дўст табрикоту таҳнияти самимонатаринамро бо сурури зиёд ба Шумо ирсол медорам.
Ба ин мансаби олӣ аз нав интихоб шудани Шумо боз як далели сиёсати устуворонаи Шуморо васеъ дастгирӣ намудани халқи бародари Туркманистон мебошад, ки мақсад аз он рушди минбаъдаи кишвар ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии халқи он аст.
Аминам, ки муносибатҳои имрўзаи дўстӣ ва ҳамкории бисёрҷонибаи миёни кишварҳоямон нафақат ба нафъи ҳар ду давлат хизмат мекунанд, балки омили муҳими сулҳу суботи минтақа ҳам мебошанд.
Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами рушди маҳз чунин муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Туркманистон шинохта, омодаем, ки барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо ба нафъи халҳоямон якҷоя бо Шумо ҳамаи чораҳои заруриро бинем.