Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯстро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба рафти татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла тезондани сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 ва дигар барномаҳо зоҳир карда шуд.