Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони воситаҳои ахбори умум ва шоирону нависандагон

08.12.2009 19:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораи зиёди намояндагони аҳли эҷод, аз ҷумла намояндагони воситаҳои ахбори умум ва шоирону нависандагон мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба инъикоси мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла вазъи энергетикии кишвар ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли эҷоди мамлакат, пеш аз ҳама намояндагони воситаҳои ахбори умумро ба инъикоси воқеъбинона ва дурусти ҳадафҳои мазкур, дар сатҳи баланди касбӣ ва диду нигоҳи зебову расо омода кардани барномаҳои радиоию телевизионӣ ва маводи хабарию таҳлилӣ даъват намуд.

Зимни мулоқоти ошкору самимӣ ва суолу дархостҳои сершумори аҳли эҷод, аз ҷумла аён гашт, ки имрӯз ҳамагон даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оид ба саҳмгузории дастаҷамъона дар бунёди нерӯгоҳи тақдирсози Роғун ва татбиқи дигар ҳадафҳои стратегии ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520