Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Шри Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялат Вираккоду

23.11.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Шри Ланка дар Тоҷикистон Ҷаялат Вираккоду эътимоднома қабул намуд.

Зимни сӯҳбати Сарвари давлат бо сафири нав Ҷаялат Вираккоду масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Шри Ланка баррасӣ шуд.

«Густариш ва таҳкими равобит бо кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ самти муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст ва ба кишвари дӯсти Шри-Ланка мо таваҷҷӯҳи хос дорем», - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Густариши робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва ғайра дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.

Барпо намудани равобити муназзами сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ ва вазорату идораҳо ва омода кардани заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба зарур ва саривақтӣ шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520