Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони сершумори созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои минтақавию ҷаҳонии молиявӣ

20.11.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои минтақавию ҷаҳонии молиявӣ мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ пасомадҳои таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва мушкилоти имрӯзаи вобаста ба таъминоти нерӯи барқ дар кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои минтақавию ҷаҳонии молиявиро ба ҳамкории васеи мутақобилан судманд баҳри таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла гидроэнергетика даъват намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар шароити ҷудо гаштани Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва мушкилоти дигари иқтисодӣ ба кӯмаки бештар ва ҳадафманди кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии мададрасон ниёз дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520