Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгирӣ ёфтани муроҷиати Президент доир ба бунёди нерӯгоҳи Роғун дар миёни мардум

19.11.2009 14:00

Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри саҳмгузорӣ дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун аз ҷониби тамоми табақаҳои шаҳрвандон, аз ҷумла тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзӣ низ мавриди ҳамовозию дастгирӣ қарор мегирад. Дар ин бора номаю барқияҳои зиёд ба номи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ворид мегарданд.

Номаҳои густурдаи ҳамовозӣ, аз ҷумла аз номи ҷамъиятҳои тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои Екатеринбург, Челябинск, Красноярск, Новосибирск, Иркутск ва Тюмени Федератсияи Русия ворид шудаанд.

Дар ин номаҳо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба «ҷабҳаи заҳмати созанда ба хотири ободии Ватан» эълон гаштани майдони сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун мавриди ҳамовозӣ қарор гирифтааст.

Дар номаҳо таъкид мегардад, ки баробари омода гаштани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун, тоҷикону тоҷикистониёни муқими минтақаҳои номбурдаи Русия, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфуз омодаанд аз онҳо харидорӣ кунанд.

Бо ҳисси баланди ифтихори ватандорӣ зикр мегардад, ки бо харидорӣ кардани саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун ҳар як шаҳрванд ҳам дар ободонии Ватани азизи худ саҳмгузор мешавад ва ҳам оянда аз он фоидаи хуби моддӣ ба даст меорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520