Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма

19.11.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон чандин лоиҳаҳо бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ мешаванд, ки маблағи умумии онҳо ба 128 миллион евро баробар аст.

Ба гуфти Масару Хонма, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ҳар сол дар Тоҷикистон татбиқи 10-12 лоиҳаи навро бо маблағи 60-80 миллион доллари амрикоӣ оғоз мекунад ва минбаъд ният дорад, ки ҳаҷми сармоягузориро ба кишвари мо 2 баробар афзун намояд.

Барномаи қарздиҳии хурд, ки бо дастгирии бонки мазкур дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, судбахш маънидод гардид ва ҳамзамон таъкид карда шуд, ки минбаъд қарзҳо бештар ба соҳибкорони истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони деҳот дода шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистонро, ки аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд тариқи воридшавӣ ба сармояи онҳо ба назар мерасад, иқдоми хуб номида, мавриди дастгирӣ қарор дод.

Масару Хонма ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар баҳои баланд дода, аз воридшавии Тоҷикистон ба «даҳгонаи кишварҳои ислоҳотталаб» изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гуфтугӯйи судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия низ сурат гирифт.

Вобаста ба вазъи таъминоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон Масару Хонма изҳор дошт, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд омода аст дар навсозии нерӯгоҳи обии Қайроқум саҳмгузорӣ намуда, дар татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикии он низ иштирок намояд.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ба 63 кишвари аъзои худ, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Япония ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ муроҷиат мекунад, ки ба Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти вобаста ба таъминоти барқ ва хориҷ шудани Узбекистон аз шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ кӯмак расонанд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ҳамчунин ба масоили рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бартараф намудани мушкилоти сунъии мавҷуда зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520