Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

18.11.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар конҳои сершумори мамлакат машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, Сардори Саридораи Геология Азим Иброҳим ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Сардори Саридораи Геология Азим Иброҳим оид ба рафти корҳо дар ин самт иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи асосиро ба кони тиллои Шахбаси майдони маъдандори Мосриф ҷалб намуд. Чунонки маълум шуд, ин кон дар масофаи 12 км дуртар аз кони мавҷудаи Тарор дар ҳудуди шаҳри Панҷакент қарор дошта, захираи тилло дар 4 қитъаи он мутобиқи корҳои иктишофӣ- геологӣ, зиёда аз 75 тоннаро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ дар ин кон ҳанӯз соли 1985 оғоз ёфта, аз соли 2007 ин ҷониб вусъат ёфтаанд.

Бо назардошти рӯйизаминӣ будани кон ва нархи баланди тилло дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба 35 доллари амрикоӣ баробар шудааст, истихроҷи маъдан дар ин ҷо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар маънидод гардид.

Майдони маъдандори Мосриф ҳамчунин бо назардошти вуҷуди конҳои дигари тилло - Ғиждарва, Бодгоҳ, Очакуруд ва ғайра дорои ояндаи умедбахш арзёбӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки ин мавзеъро чун конҳои алоҳидаи мустақил ба сармоягузорон пешниҳод кардан мумкин аст.

Аз ин хотир бунёди корхонаи нави истихроҷи тилло дар ин мавзеъ мувофиқи матлаб дониста шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Сардори Саридораи Геология дастур дод, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофиро дар ин ва дигар конҳои мамлакат вусъат бахшанд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуд, ки санадҳои заруриро барои эълон намудани озмун баҳри истихроҷи тилло дар кони Шахбас омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520