Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

18.11.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба хизмати садоқатмандонаю софдилона ба манфиати давлату миллат ҳидоят намуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуманон Холиқов ва Шаҳноза Нодирова муовинони Вазири адлия, Гулчеҳра Бозорова ва Саидраҳмон Назриев муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин карда шуданд.
Се каси онҳо - Додихудо Саймиддинов, Абдуманон Холиқов ва Гулчеҳра Бозорова то ин вақт раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд. Саидраҳмон Назриев бошад, дар вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Бо қарорҳои дигари Ҳукумати мамлакат Зуҳридин Кенҷаев ва Лариса Кислякова, ки муовинони Вазири рушди иқтисод ва савдо буданд, аз вазифа озод карда шуданд.

Ғайр аз ин, Абдулазиз Шарипов - собиқ Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Муовини роҳбари Департаменти сиёсати савдои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Евразия ва Ҳайдар Сафиев, ки то ин вақт Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, Директори муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия» - и Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» таъин гардиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520