Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

16.11.2009 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони аксари вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба ҷамъоварии ҳосили пахта ва киштукори тирамоҳӣ, таъминот бо газу барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф ва масъалаи иҷрои буҷети давлатӣ баррасӣ шуд.

Дар бораи рафти ҷамъоварии ҳосили пахта ва оғози киштукори тирамоҳӣ ахбори Муовини сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон шунида шуд. Зикр гардид, ки ҳосилнокии пахта имсол нисбат ба чанд соли пешин хеле зиёд аст ва то имрӯз дар мамлакат 280 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки баҳри ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафи ҳосили фаровони рӯёндаи деҳқонон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд, то ки дар мӯҳлати 10 рӯзи оянда ҳосили пахта ҷамъоварӣ карда шавад. Таъкид гардид, ки маблағи чиниш ҳамрӯза пардохт карда шавад то ҳавасмандии пахтачинон афзояд. Ҳамзамон бо ин қатъиян таъкид гардид, ки мактаббачагон ба пахтачинӣ ҷалб карда нашаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки баҳри тезондани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рӯзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда шавад.

Оид ба таъминоти мардум ва хоҷагии халқи мамлакат бо газу нерӯи барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф Муовини якуми сарвазир Асадулло Ғуломов ва дигар шахсони дахлдор гузориш доданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки баъди аз шабакаи ягонаи Осиёи Марказӣ ҷудо шудани Ҷумҳурии Узбекистон муддати 15 рӯз аст шабакаи энергетикии Тоҷикистон ба таври мустақил фаъолият дорад. Таъкид гардид, ки сарфи назар аз мушкилоти зиёди вобаста ба ин ҳолат шабакаи энергетикии Тоҷикистон қодир аст, ки ба қадри имконоти мавҷуда мардум ва хоҷагии халқи мамлакатро бо нерӯи барқ таъмин намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри пурра мутобиқ намудани шабакаи дохилии энергетикии мамлакат ба ин ҳолат, аз ҷумла бунёди хатҳои нави интиқоли нерӯи барқ ва бунёди як қатор нерӯгоҳҳои дигари обӣ ва ҳамчунин кам кардани талафоти барқ дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҳарчи зудтар фурӯши лампаҳои тасфон манъ карда шавад.

Доир ба рафти иҷрои буҷети давлатӣ ҳисоботи Вазири молия Сафаралӣ Наҷмиддинов ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар зарфи 10 моҳи соли равон қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 95% иҷро шуд ва имкону захираҳо барои таъмини иҷрои пурраи нақшаи даромадҳои буҷет мавҷуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои саривақтӣ ва пурраи буҷет ва пардохти маошу нафақа ва кӯмакпулиҳо ба масъулини дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

Дар баробари ин дастур дода шуд, ки саҳмияҳои нерӯгоҳи обии Роғун ҳарчи зудтар омода карда шаванд, то ки аз рӯзҳои аввали соли 2010 онҳо баҳри ҷалби сармояи иловагӣ ба сохтмони ин иншооти тақдирсоз ба фурӯш бароварда шаванд.

Бо боварӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон имрӯз омода аст дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳми арзандаи худро гузорад, зеро ҳамагон хуб медонанд, ки бе бунёду ба кор даровардани ин иншооти муҳими энергетикӣ бартараф намудани норасоии нерӯи барқ ва таъмини пешрафти минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии мамлакат аз имкон берун аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520