Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расиданиқонуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010»

14.11.2009 15:00

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида буд, ба имзо расид.

Бори аввал Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади шафоффият ва дастрасу оммафаҳм гардидани он, аз рӯи системаи нави гурӯҳбандии буҷетӣ, вазифавӣ, идоравӣ ва иқтисодӣ, ки дар он хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯи мақомот ва идораҳои давлатӣ, ки идоракунии онҳоро анҷом медиҳанд қабул карда шудааст.

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва қарзҳои дигари давлатӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Бо дарназардошти бӯҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ сиёсати Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти зиддибӯҳронӣ дошта, он пеш аз ҳама барои дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои пешгирифтаи зиддибӯҳронии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус дар соҳаи иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Дар соли 2010 ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ ба маблағи 6536,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ 4810,0 млн. сомонӣ муқаррар гардидааст.

Хароҷоти умумии Буҷети давлатӣ дар соли 2010 бо назардошти касри буҷет 6782,0 млн. сомонӣ, аз ҷумла хароҷоти ҷории буҷети давлатӣ 5055, 0 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба буҷети соли 2009 – 748, 5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010 барои соҳаҳои иҷтимоӣ 3137, 0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин дар маҷмӯъ назар ба соли 2009 - 27% зиёд мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520