Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати Конгресси Амрико

05.07.2012 19:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони Конгресси Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки таҳти сарварии узви Палатаи намояндагон Дэн Бэртон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Гуфтугӯи муфассали судманд доир ба роҳҳои густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва низомию амниятии Тоҷикистону Амрико сурат гирифт.

Дэн Бэртон Тоҷикистонро «кишвари бисёр муҳим дар Осиёи Марказӣ» номида, нақши онро дар таъмини амнияти минтақавӣ «намоён» арзёбӣ намуд. Ӯ ташрифи чунин ҳайати баландпояи Конгрессро, ки бори нахуст сурат мегирад, «нишонаи ҳавасмандии амиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон» маънидод карда, изҳор дошт, ки «минбаъд чунин робитаҳо ва ҳам ҳамкории мутақобилан судманд рушд хоҳад кард».

Таъкид гардид, ки Амрико кумакҳои техникии худро ба сохторҳои низомию амниятӣ, хусусан ба нерӯҳои сарҳадӣ ва мақомоти мубориза бо гардиши маводи мухаддир идома дода, аз соли 2014 ба баъд барои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ афзун менамояд.

Вакилони Конгресси Амрико, аз ҷумла изҳор доштанд, ки кишвари онҳо аз ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо дастгирӣ мекунад.

Суҳбати ҳавасмандона, ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, бартарафсозии монеаҳои сунъӣ ва густариши робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тавассути эҳёи Шоҳроҳи Абрешим сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520