Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

13.11.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон ва барқаросозии системаҳои ирригатсионӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи Директори Маркази идораи лоиҳаҳо Рустам Баротов шунида шуд.

Дар ҳисобот аз ҷумла зикр гардид, ки лоиҳаи якум дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор ва лоиҳаи дуюм дар ноҳияҳои Ашт, Ваҳдат, Панҷ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Рӯшон амалӣ мешаванд.

Маблағи умумии ду лоиҳа наздики 58 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз оғози татбиқи лоиҳаҳо то имрӯз яке дар ҳаҷми беш аз 50% ва дуввумӣ 79% амалӣ гаштаанд.

Қафомонӣ дар нақшаи азхудкунии маблағҳо ба назар намерасад ва татбиқи пурраи лоиҳаи якум то охири соли 2013 ва дуюмаш то моҳи декабри соли 2010 бояд ба поён расонда шавад.

Дар чаҳорчӯби ин лоиҳаҳо тарзи идора ва низоми ҳуқуқии соҳа таҷдид ёфта, инфраструктура ва чораҳои бартарафсозии хавфи обхезӣ бояд такмил дода шаванд. Самти асосии дигари лоиҳаҳо ин барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо ва корҳои сохтмону васлгарӣ дар соҳили дарёҳо мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин оид ба истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳо, хариди маводу масолеҳи хушсифат ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмону васлгарӣ супоришҳои мушаххас дод.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои дахлдорро ҳамчунин вазифадор намуд, ки вазъи соҳилҳои дарёҳои Сурхобу Ёхсуро дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ ва Кофарниҳону Душанберо низ мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри ташкили корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии зиёди маҷрои ин дарёҳо лоиҳаҳои нави грантӣ омода созанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520