Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири энергетика ва саноати Туркманистон Ёрмуҳаммет Оразгулиев

13.11.2009 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири энергетика ва саноати Туркманистон Ёрмуҳаммет Оразгулиевро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи асосӣ ба натиҷаҳои Ҷаласаи 2 - юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистон оид ба татбиқи амалии санадҳои қарордодӣ - ҳуқуқӣ ва мувофиқаҳои дар сатҳи сарони ду давлат ҳосилшуда зоҳир гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз пайвастагии робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, дар ин робита изҳор дошт: «дар марҳилаи кунунии муносибот бо Туркманистони бародар заминаи мусоиди сиёсӣ барои суръат бахшидан ба раванди ҳамкориҳои ба ҳарду кишвар судманд ба миён омадааст ва мо ин имконотро бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем».

Ёрмуҳаммет Оразгулиев натиҷаҳои Ҷаласаи 2 - юми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро мусбат арзёбӣ намуда, иттилоъ дод, ки имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои он протоколи нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, энергетика, истифодаи босамар аз захираҳои обии минтақа, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, илм, фарҳанг ва ғайра таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520