Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Озарбойҷон Сафар Абиев

11.11.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Озарбойҷон Сафар Абиевро, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор доранд, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз мӯҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон, ки дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи олии сиёсӣ ба назар мерасад, ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки робитаҳо миёни сохторҳои дифоии ду кишвар низ густариш хоҳанд ёфт.

Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои болобарии омодагии қӯшунҳо, омӯзиши кадрҳои низомӣ ва густариши робитаҳои илмӣ зоҳир карда шуд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҳамчунин оид ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, вазъи Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520