Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

10.11.2009 16:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои ин созмон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ-сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки «ҳамкории сохторҳои дифоӣ намунаи робитаҳои босамар ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳои иттиҳод хоҳад буд».

Таъкид гардид, ки дар муқовимат ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таҳкими ҳамкории сохторҳои дифоии кишварҳои иттиҳод басо муҳим аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520