Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 15 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.11.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 15 – солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гашт.

Ҷамъомади тантанавии бахшида ба солгарди 15 – уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ворид гаштани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба толор ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзо ва намояндагони парлумону ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бурду бохти давлати ҷавони Тоҷикистонро дар зарфи 15 соли баъд аз қабули Конститутсия (Сарқонун) мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид дошт: «Понздаҳ соли амали Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст, чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳукуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.

Ба гуфти Сарвари давлат «ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад». Аз ин хотир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки чун арзиши олии умумибашарӣ, аз ҷониби Конститутсия дар асоси талаботи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон кафолат дода шудаанд, ёдовар шуда, дар зарфи 15 сол 9 маротиба қабул шудани қонуни авфро аз ҷумлаи эҳтиромгузории олӣ ба ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуд.

Аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки қонунҳои авф нисбати 61 ҳазор маҳкумшудагон мавриди амал қарор гирифта, 40 ҳазори онҳо аз маҳбасҳо озод карда шуданд. Қонуни 10 – уми авф, ки дар арафаи ҷашни солгарди 15 – уми Конститутсия ва ба муносибати Соли бузургдошти Имоми Аъзам қабул шуд, нисбати 10 ҳазор нафар маҳкумшудагон татбиқ шуда, беш аз 3 ҳазори онҳо аз маҳбас озод мешаванд.

Аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман боз дошта шудани татбиқи ҷазои қатлро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт ва аз ҷумлаи иқдомоти ҷиддии башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.

Дар баробари ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар назди Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «озодиҳои мо сарҳад дорад ва сарҳади озодӣ дар доираи қонун, адлу инсоф, манфиатҳои умум ва дигар арзишҳои башарӣ муайян карда мешавад».

Ҳамчунин хотирнишон гардид, ки «Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳимояи Ватан ва манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати ӯҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст».

Бо ёдоварӣ аз ин меъёрҳои конститутсионӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки амну субот, тартибу интизоми пойдор ва волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат ва ҷомеа танҳо дар сурати эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои конститутсионӣ дар ҷомеа имконпазир мегардад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон поймол гаштани Конститутсияи Тоҷикистон ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар соли 1992 ёдрас намуда, таъкид дошт, ки он сол аз ҷониби Шӯрои Олӣ 10 маротиба ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд ва 2 Президенту 5 Ҳукумат иваз гардид ва дар натиҷа вазъи ҷомеа мураккабу ноором шуд.

Дар робита ба ин мавзӯъ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи телевизион ва радио ва дигар сохторҳои масъул супориш дод, ки видеофилмҳо ва дигар маводро дар бораи таърихи солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба намояндагони корпуси дипломатӣ дастрас намоянд, то онҳо аз вазниниҳои он солҳо ва бо чӣ мушкилоту монеаҳо барқарор гаштуни сулҳу субот ва пешрафти иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон огоҳ бошанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар мавриди риоя ва татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ мавриди таҳлили амиқ қарор дода, дар охир бори дигар мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни солгарди 15 –уми Конститутсия табрик гуфт ва ба ҳар хонадон сулҳу сафо, рӯзгори бофайзу баракат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ободиву пешрафти доимӣ орзу намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520