Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»

03.11.2009 17:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуд, ки ба муносибати 15 солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли бузургдошти Имоми Аъзам баҳри амалӣ намудани принсипҳои инсонпарварӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн қабул карда шуд.

Қонуни мазкур нисбати гурӯҳи муайяни ашхоси маҳкумшуда ва шахсоне, ки парвандаи ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва судҳо қарор дорад, татбиқ карда мешавад.

Мутобиқи Қонуни мазкур маҳкумшудагони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, озод карда мешаванд.

Инчунин аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои дигар ҷазоҳои ҷиноятии таъиншуда маҳкумшудагони зерин озод карда мешаванд:

а) занҳо;

б) шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҷиноят ба синни ҳаждаҳсолагӣ нарасидаанд;

в) мардони аз синни 55 сола боло;

г) маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои сил;

д) иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати нерӯгоҳи барқии атомии Чернобил зарар дидаанд;

е) шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, РСС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд;

ё) шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаибкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд;

ж) шаҳрвандони хориҷӣ.

Яке аз афзалиятҳои Қонуни мазкур аз он иборат мебошад, ки маҳкумшудагони аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда сарфи назар аз намуди ҷазои ҷиноятии таъиншуда аз адои ҷазо озод карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520