Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Маъмурияти давлатии вилояти Харкови Украина Арсен Аваков

30.10.2009 18:40, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маъмурияти давлатии вилояти Харкови Украина Арсен Аваковро, ки бо роҳбарияти корхонаи азими Турбоатом ва ҳайати бонуфузи корхонаҳои дигари саноатӣ ва ректорони як қатор муассисаҳои олии таълимии ин вилоят ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили барқарорсозии робитаҳои қаблии Тоҷикистон бо корхонаю муассисаҳои вилояти Харкови Украина ва дарёфти роҳу василаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманд баррасӣ шуд.

Арсен Аваков аз натиҷаҳои боздиди ҳайати бонуфузи вилояти Харков аз вилояти Хатлон, рафти корҳои сохтмону васлгарӣ дар нерӯгоҳи азими Роғун, шиносоӣ бо кори нерӯгоҳи Норак ва гуфтушуниду сӯҳбатҳояшон бо масъулини ҷониби Тоҷикистон гузориш дода, аз таассуроти бардоштааш оид ба дурнамои ҳамкориҳои калонмиқёси гуногунҷанба изҳори хушнудӣ намуд.

Арсен Аваков изҳор дошт, ки «Тоҷикистон бо захираҳои бепоёни гидроэнергетикию саноатиаш метавонад аз бозорҳои асосии фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Харков бошад» ва таъкид дошт, ки ҷониби Украина ба рушди ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдор аст.

Аз имзо шудани санадҳои ҳамкорӣ оид ба омода кардани 7 чархи нав ва дигар қисмҳои эҳтиётӣ барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак, истеҳсоли таҷҳизот барои нерӯгоҳи Роғун ва бунёди нерӯгоҳҳои хурди обӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо корхонаҳои Турбоатом, Харковтурбоинжиниринг, Электротяжмаш ва Корхонаи тракторбарории ХТЗ ва ҳамчунин дар соҳаи омодасозии кадрҳо ва дорӯсозӣ дорои дурнамои неку умедбахш маънидод гардид.

Ҳарду ҷониб баҳри бунёди корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли таҷҳизоти генераториву турбинӣ, ҷамъоварии тракторҳои ХТЗ ва дорусозӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд.

Ба гуфти Арсен Аваков, ӯ аз ҷониби Президенти Украина Виктор Ющенко вазифадор шудааст, ки масъалаи ифтитоҳи сафорати Украинаро дар шаҳри Душанбе бо ҷониби Тоҷикистон барасӣ намояд. Ба иттиллои ӯ ҷониби Украина ҳамчунин ният дорад, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон намояндагии тиҷоратӣ кушояд.

Зикр гардид, ки оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баҳри истеҳсол ва содироти пахта ва меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Украина миёни роҳбарияти вилоятҳои Хатлону Харков тадбирҳои муштарак ба нақша гирифта шуданд.

Таъкид гардид, ки боздиди ҳайати бонуфузи вилояти Харков дар чаҳорчӯби чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии натиҷаҳои сафарҳои расмии Президенти Украина ба Тоҷикистон ва Президенти Тоҷикистон ба Украина, ки соли гузашта ба вуқуъ пайваста буданд, сурат мегирад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520