Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ва соли Рӯдакӣ

25.01.2009 08:00, шаҳри Душанбе

6-уми ноябри соли 2006 Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдории аксари кулли  интихобкунандагон дар фазои озоду шаффофи овоздиҳӣ аз нав ба муддати ҳафт соли оянда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар кишвари азизи мо марҳилаи нави созандагӣ оғоз ёфт, ки бешубҳа онро метавон давраи рахнаи монеаҳои бузург ва ё оғози фатҳи қуллаҳо номид.  Ҳамаи он монеаҳои бузург ва қуллаҳои баланде, ки мардуми Тоҷикистон дар ин даврон бояд фатҳ намуда, давоми панҷ соли оянда ба сатҳу сифати комилан нави рӯзгор, ба сатҳи зиндагии шоиста ноил гарданд, дар суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи савгандёдкунии тантанавии ӯ – 18 - уми ноябри соли 2006 ба таври возеҳ баён карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, рушди афзалиятноки саноат, бахусус  саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъданҳо, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ, ташаккули сохтори куллан нави идораи иқтисодиёт, такмили сиёсати кадрӣ дар асоси салоҳияти касбӣ, бартараф намудани такрори вазифаҳо дар мақомоти гуногун, баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ва ришвахӯриро аз ҷумлаи вазифаҳои стратегии марҳилаи нави давлатдорӣ арзёбӣ кард.

Дурнамои сиёсати хориҷии давлатро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон чунин баён дошт: «Дар марҳалаи навини созандагии таърихӣ мо сиёсати «дарҳои кушода» ва прагматикии худро собитқадамона идома хоҳем дод. Мазмуни аслии он ҳамкории судманд ва беғаразона бо ҳама давлатҳои ҷаҳон аст».

Иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ин даврон муайян гардид, ба зудӣ оғоз ёфт. Рӯзи 30 ноябри соли 2006 сохтори нави Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд.

 Дар сохтори нав шумораи умумии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди ҳукумат ҷиддан ихтисор карда шуд.

Рӯзи 15 декабри соли 2006 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони воломақоми Федератсияи Россия бо як таркиши азим ва фурӯ омадани пораи кӯҳ маҷрои дарёи Вахш дар мавзеи сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 1 баста шуд ва бунёди сарбанди он оғоз ёфт. Ин рӯйдоди фараҳбахш нахустин қадами устувори Ҳукумати мамлакат дар роҳи амалӣ намудани вазифаҳои давраи нави созандагӣ буд. Бо ҳамин рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ давраи рахнаи монеаҳои бузург ва ё оғози фатҳи қуллаҳо ба маҷрои муайяни худ ворид шуд.

Пас аз як солу як моҳ аз оғози сохтмони сарбанд, яъне 20 январи соли 2008 агрегати якуми нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ба кор дароварда шуд. Ба гуфти коршиносон Тоҷикистон нахустин давлати қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки баъди пароканда шудани он нерӯгоҳи нави обии барқӣ бунёд мекунад.

Аввали моҳи июли соли 2008 агрегати дуюм ва рӯзи 5 ноябри ҳамин сол агрегати сеюми ин нерӯгоҳ ба кор даромад, ки аз нақшаи муайяншудаи корӣ 2-3 моҳ пештар аст.

Бояд тазаккур дод, ки нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 1  тибқи лоиҳа аз 4 агрегат иборат буда, иқтидори умумии он 670 мегават аст. 

Ба гуфти мутахассисон, бо иқтидори лоиҳавӣ нерӯи барқ истеҳсол кардани нерӯгоҳ пеш аз ҳама ба баландии сарбанд ва ҳаҷми оби дарёи Вахш вобаста аст. Аз ин хотир агрегатҳои нерӯгоҳ ҳоло аз иқтидори лоиҳавии худ камтар нерӯи барқ истеҳсол мекунанд, вале бо ҳамин иқтидор ҳам ҳиссаи нерӯгоҳи обии Сангтӯда -1 дар таъмини эҳтиёҷоти энергетикии кишвар басо намоён аст.

Бо талабу дархости  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо сохтмони нерӯгоҳи обии  Сангтӯда-2, ки поёнтар аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1 бунёд меёбад,   идома пайдо мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки нерӯгоҳи обии  Сангтӯда-2 бо саҳмгузории муштараки Тоҷикистону Эрон аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар сохта мешавад. Иқтидори лоиҳавии он 220 мегават аст. Аз маблағи умумии 255 миллион доллари амрикоӣ, ки барои бунёди ин нерӯгоҳ пешбинӣ мешавад, то имрӯз 84 миллиони он аз худ карда шудааст. Ба ин маблағҳо техникаю таҷҳизоти зарурӣ ворид карда шуда, ҳамчунин шаҳраки сохтмончиён, ду корхонаи бетоншӯрӣ, анборҳо, лаборотория ва дигар иншооти ёрирасон бунёд ёфтаанд. Тибқи иттилои масъулин сохтмони бинои асосии нерӯгоҳ низ бо суръати бештар идома дорад.

5 ноябри соли 2008 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 дидан намуда, аз роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва масъулини ҷониби Эрон талаб кард,  ки бунёди нерӯгоҳро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонанд.

Имрӯзҳо бо ҷаҳду талошҳои бесобиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тавассути сафарбар кардани нерӯи бузурги техникию башарӣ сохтмони нерӯгоҳи барқии обии Роғун дубора вусъати тоза пайдо намудааст. Қобили таъкид аст, ки барои идомаи сохтмони ин иншооти азим соли 2008 бори аввал аз даврони истиқлолият аз буҷети давлатии Тоҷикистон 50 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо карда шуд ва соли 2009 боз 150 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда гардид. Ҳоло дар сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун даҳҳо ташкилоти сохтмонӣ фаъолият мекунанд, ки ҳоло наздики 2800 нафар коргар доранд. Барои вусъат додани ҳамаи корҳо дар нерӯгоҳ 241 адад техникаи нави ҳозиразамон харидорӣ шудааст, ки аз он 100 -  тоаш мошинҳои пуриқтидори боркаши БелАз аст. Ҳамчунин 40 адад мошинҳои боркаши МАЗ, 20 мошини бетоншӯрии МАЗ, 10 – тогӣ булдозер, экскаватор ва автокранҳои пуриқтидор, 10 мошини махсуси корҳои даруни тунел,  насосҳои обкаш,  компрессорҳо ва бисёр техникаю таҷҳизоти махсуси нав машғули кор мебошанд.  Баҳри ҳамаи техникаи нави харидоришуда барои ду соли оянда маводи сӯхту молиданӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ захира шудааст. Ширкату корхонаҳои хориҷии БелАз, МАЗ,  Катерпилер ва Ҳундай, ки техникаю таҷҳизоташон дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун истифода мешаванд, баҳри таъмини кори босамари мошинҳо дар Тоҷикистон намояндагии худро кушодаанд ва бо масъулону мутахассисони тоҷик ҳамкории наздик доранд.

Тибқи нақша, аз охири соли 2009 сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун оғоз гардида ва навбати аввали он бо ду агрегат пас аз 3-4 сол  ба кор дароварда хоҳад шуд.

Ғайр аз ин корҳои бузург, дар ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия бояд се нерӯгоҳи миёнаиқтидор ва яктогӣ ҳамин гуна нерӯгоҳҳо якҷо бо давлатҳои Чин, Қазоқистон ва Эрон сохта шаванд.

Корҳо барои лоиҳакашӣ, ҷалби сармоя ва оғози сохтмони нерӯгоҳҳои Шӯроб дар болои дарёи Вахш ва Санобод дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ муташаккилона идома доранд.

Дар 10 моҳи соли 2008 16 нерӯгоҳи хурди обӣ сохта ва ба кор дароварда шуд. Сохтмони 25 нерӯгоҳи хурди обӣ идома дорад. Бунёди 10 - тои онҳо то охири соли 2008 ва 8 - тои  дигар то моҳи апрели соли 2009 бояд ба итмом расад.

Дар ин самт аз ҳама муҳим ин аст, ки мардуме, ки имкон доранд осонии сохтмон ва судмандии нерӯгоҳҳои хурди обиро дарк намудаанд ва дар ҳар ҷои мувофиқ бо қувваи худӣ бунёди онҳоро ба роҳ мемонанд.

Ин нерӯгоҳи хурд, ки иқтидори он 45 киловат/соат аст, беш аз 150 хонаводаи деҳаи Лолагии ноҳияи Ҳисорро дар фасли зимистон бо нерӯи барқ таъмин мекунад. Мардуми ин деҳа ҳамчунин ба истифодаи фурӯзонакҳои каммасраф низ одат кардаанд, ки ин дар шароити имрӯза хеле муҳим аст.

Хати 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор-Хатлон, ки сохтмони  он бо сифати баланд ва пеш аз мӯҳлат аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин  ба анҷом расид ва идомаи сохтмони хати 500-киловолтаи Ҷануб-Шимол дар дохили кишвар ва ҳам хатҳои минтақавӣ натанҳо аз воситаҳои муҳими таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистонанд, балки ба болобарии қобилияти содиротию транзитии кишвар мусоидат мекунанд. Ҳамаи ин кору нақшаҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва ба кишвари бузурги содиркунандаи нерӯи барқ табдил додани Тоҷикистон наздик аст.

Дар самти барқарорсозии корхонаҳои саноатии аз кор бозмонда ва бунёди корхонаҳои нав бо дастуру супоришҳои қатъии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррас анҷом меёбанд.

Тадбирҳои калонмиқёсе, ки таҳти сарварию раҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон анҷом дода мешаванд, онро ба як минтақаи бузурги саноатии кишвар табдил хоҳанд дод. Маркази барқу гармидиҳии он барқарору фаъол гашта, Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷикхимпром» низ мавриди барқарорсозӣ ва таҷдиди босуръат қарор дорад.

Дар ҳамкории «Ширкати алюминийи тоҷик» бо шарикони муътамаду бонуфуз аз давлатҳои Австралия, Канада, Чин, Эрон ва Қазоқистон мутобиқи Барномаи ба истифодаи ашёи хоми ватанӣ гузаштан дар истеҳсоли алюминий дар ноҳияҳои Ёвон, Дарвоз ва водии Рашт  11 корхонаю иншооти бузург бунёд хоҳанд ёфт, ки дар онҳо 30- 35 ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад. Бунёди ду тои онҳо – корхонаҳои истеҳсоли креолит ва алюминийи фтордор бо шарикони чинии  «Ширкати алюминийи тоҷик» дар ноҳияи Ёвон оғоз ёфтааст.

Дар корхонаи «Тоҷикхимпром» ҳоло барқарорсозии хатҳои технологии истеҳсоли содаи каустикӣ  ва хлори моеъ дар арафаи анҷомёбӣ аст ва  баҳри ба роҳ  мондани истеҳсоли кислотаи хлорид, содаи калсийдор ва дигар маводи химиявӣ  тадбирҳо андешида мешаванд.

Баҳри бунёди корхонаҳои коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он сохтмони корхонаҳои зиёд дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома дорад, ки чанд тои онҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ёвон ва шаҳри Хуҷанд қисман ба кор омода гаштаанд. Бунёди ҳамин гуна корхонаҳо ҳамчунин дар ноҳияҳои Спитамену Мастчоҳ низ идома дорад. Ҳамаи ин корхонаҳо дар сурати пурра ба кор шурӯъ намудан ҳар сол метавонанд аз  20 ҳазор тон нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол кунанд.

Бунёди корхонаҳои саноатии коркарди пашму пӯст ва меваю сабзавот низ оғоз гардидааст, зеро ашёи хом баҳри ривоҷу равнақи ин соҳа дар Тоҷикистон фаровон аст.

Имрӯз дар  кишвар  зиёда аз 40 корхонаи хурду калон ба истеҳсоли шарбату нӯшобаҳои ғайриспиртӣ машғуланд, ки ҳаҷми умумии истеҳсолоти онҳо ба 2 миллиону 500  ҳазор декалитр мерасад. Ин корхонаҳо метавонанд бо коркарди 300  ҳазор тонна меваю сабзавот 350 миллион  қуттии шартӣ  консерва ва шарбати мева истеҳсол намоянд.

Танҳо корхонаи Оби зулоли ноҳияи Истаравшан, ки хати нави технологии он моҳи сентябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд, дар як сол метавонад 36 миллион литр шарбати мева дар зарфҳои хушсифати замонавӣ истеҳсол намояд.

Аз вазифаҳои стратегии дигар, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Ин ҳадаф тавассути бунёди роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва тунелҳою пулҳои азими аср амалӣ мегардад.

Барои расидан ба ин ҳадаф ҳоло дар кишвар сохтмон ва азнавсозии роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд-Бустон-сарҳади Узбекистон, Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон, Кӯлоб - Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Кулма-сарҳади Чин ва Қурғонтеппа-Дӯстӣ-Панҷи Поён - сарҳади Афғонистон муташаккилона идома дорад. Чор пули бузурги мошингузар дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон,  аз ҷумла дар Панҷи Поён ба кор шурӯъ намуд ва сохтмони ду пули калони дигар дар ноҳияҳои Ванҷу Шӯрообод  дар нақша аст. Сохтмони се нақби мошингард – Шаҳристону  Истиқлол дар роҳи байни Душанбею Хуҷанд ва Шаршар миёни Душанбею Кӯлоб бо суръату сифати хуб идома дорад. Ду тои онҳо Истиқлол ва Шаршар то аввалҳои соли 2009 омода хоҳанд шуд. То охири соли 2009 роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ-Хуҷанд-Бустон-сарҳади Узбекистон ғайр аз нақби Шаҳристон ва роҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон пурра ба истифода супурда мешаванд. Шоҳроҳи Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хорӯғ-Кулма-сарҳади Чин ҳарчанд барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он ҳанӯз корҳои зиёд дар пеш аст, вале имрӯз баъди ҳамвор кардани қитъаҳои мушкилгузар ва бунёди роҳҳои нави замонавӣ дар қитъаи Шкев-Зиғари миёни Кӯлобу Қалъаи Хумб ҳаракати мошинҳо байни Тоҷикистону Чин хеле афзоиш ёфтааст. Дар роҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон низ рафтуомади мошинҳо дар чор фасли сол имрӯз ҳам ба мушоҳида мерасад.

Аз ҳамаи ин метавон  чунин хулоса кард, ки Тоҷикистон имрӯз аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфтааст ва корҳо танҳо барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани сифати роҳҳо идома доранд. Бунёди роҳҳои оҳани мустақим аз Тоҷикистон ба Қирғизистону Чин, Афғонистон ва тавассути он ба Эрону Покистон ва ҳамчунин роҳҳои оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон ва Душанбе-Хуҷанд бе гузаштан аз ҳудуди давлатҳои ҳамсоя аз ҷумлаи нақшаҳои стратегие мебошанд, ки кишвари моро натанҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ комилан раҳо мекунанд, балки қобилияти транзитии минтақавӣ ва байналмилалии онро ба маротиб боло мебаранд.

Зикри чанд нишондоди оморӣ оид ба мубодилаи мол байни Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти пулҳои азими болои дарёи Панҷ хусусан пули Панҷи Поёнро барало аён месозад. Дар 10 моҳи қабл аз ифтитоҳи пули Панҷи Поён ҳаҷми боркашонии миёни Тоҷикистону Афғонистон аз болои дарёи Панҷ 94,5 ҳазор тонна ё 14,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медод. Дар 10 моҳи соли 2008 ин нишондод мутаносибан ба 438,1 ҳазор тонна ва 56,4 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд. Ҳаҷми боркашонии миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи ағбаи Кулма дар соли 2006 2,3 миллион доллари амрикоӣ ё  10,5 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.  Дар даҳ моҳи соли 2008, ин нишондодҳо мутаносибан ба 6,6 миллион доллари амрикоӣ ва 20,5 ҳазор тон расидааст. Агар дар соли 2006 тавассути дидбонгоҳи Кулма ҳамагӣ 4912 мошин гузашта бошад, пас дар  даҳ моҳи соли 2008 ин нишондод ба 11382 адад расидааст, ки ин пешравии хеле бузург аст.

Мубодилаи молу маҳсулот тавассути гузаргоҳи Қарамиқ, ки дар роҳи Душанбе-Саритош миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст ва пулҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон дар мавзеъҳои Хорӯғ, Ишкошим ва Дарвози ВМКБ низ рӯз ба рӯз зиёд мешавад.

Натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафту тараққиёт дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аст, ки нишондодҳои рушди макроиқтисодии кишвар дар соли 2008 нисбат ба соли 2001 қариб 4 баробар зиёд шуд.  Ин аст, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2009 ба андозаи 20 миллиарду 665 миллион сомонӣ, болоравии сатҳи истеҳсолот дар ҳаҷми 7,1 % ва таваррум 13 % ба нақша гирифта шудааст. Буҷети давлатӣ, дар соли 2009 бояд 6 миллиарду 8 миллион  сомониро ташкил диҳад, ки ин нисбат ба Буҷети давлатии соли 2008 бо ҳисоби номиналӣ 1,5 миллиард сомонӣ ва нисбат ба Буҷети давлатии соли 1999 26 маротиба зиёд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Буҷети давлатии соли 2009 - ум ро буҷети рушди иқтисодӣ номида, таъкид дошт, ки  аз ним зиёди он ба соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ ва сохтмони иншооти стратегӣ равона мегардад, аз ҷумла ба сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳою нақбҳои мошингард ва ғайра.

Тайи ду соли охир фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар ба туфайли таваҷҷӯҳи хоссаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хеле беҳтар шуд. Тибқи таҳлилҳои Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар 9 моҳи соли 2008 сармоягузорӣ ба соҳаҳои бунёдии иқтисодиёти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2007 77,5% афзоиш ёфтааст ва 70% онро сармояи хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ҷойи дуюм Озарбойҷон будааст, ки сармоягузорӣ дар он ҳамагӣ 38% афзудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 53 лоиҳаи инвеститсионӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, инфрасохтори маҳаллӣ ва ғайра татбиқ мегарданд, ки маблағи умумии онҳо 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз ин маблағҳо қариб 203 миллиони он грант ё худ кӯмаки бебозгашт аст.

То 1-уми ноябри соли 2008 аз аввали татбиқи лоиҳаҳои  инвеститсионӣ 881,8 миллион доллари амрикоӣ маблағҳо аз худ карда шуда, зиёда аз 348 иншоот сохта, таъмир ва барқарор гардидааст. Бо татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 17850 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Қобили таъкид аст, ки сармоягузориҳои мустақими давлатҳои Россияву Эрон ба сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 ба ин 1,5 миллиард доллари амрикоӣ дохил намешаванд.

Рушди соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсилоти олӣ ва  баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ пайваста зери назар ва мавриди ғамхорию дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад.

Маблағгузории соҳаи маориф аз 1,5 миллион сомонии соли 1995 дар соли 2008 аз ҳамаи манбаъҳо ба 690 миллион сомонӣ расид ва соли оянда барои эҳтиёҷоти ин соҳа сарфи 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 1995  33 маротиба зиёд аст.

Дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон дар кишвар 710 мактаби нави таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода дода шуд. Танҳо соли 2008  34 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ аз таъмир бароварда шуда, дар назди 77-тои дигар 310 синфхонаи иловагӣ бунёд ёфт.

Барои дар сатҳи баланд ва бо талаботи замон хонондани мактаббачагони болаёқат дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ литсею гимназияҳои президентӣ бунёд меёбанд, ки дар онҳо беҳтарин хонандагон бо ҷалби омӯзгорони варзидаю пуртаҷриба интихоб карда мешаванд.

Барои сохтмони ин ва дигар муассисаҳои таълимӣ ҳар сол маблағҳои хеле зиёд ҷудо мегарданд. Аз ҷумла баҳри сохтмони гимназияи ҷумҳуриявии президентӣ дар шаҳри Душанбе 12 миллион сомонӣ ва мактаб-интернати президентӣ дар шаҳри Қурғонтеппа 15 миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Ҳамин гуна литсею гимназияҳои муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи навтарин ҳамчунин дар ВМКБ ва вилояти Суғду дигар минтақаҳои кишвар бунёд меёбанд.

Бо ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши беҳтарин хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва литсею гимназияҳо дар хориҷи кишвар фонди махсус таъсис дода шудааст, ки ҳаҷми маблағҳои он дар соли 2009 нисбат ба соли 2008 ду баробар афзуда ва он ба 5 миллион сомонӣ мерасад. Ғайр аз ин дар 10 кишвари ҷаҳон донишҷӯёни беҳтарини тоҷик бо бурсияҳои худи ин давлатҳо ба таври ройгон таҳсили илм мекунанд. Дар мисоли Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон чун нахустмактаби олӣ  ва бузургтарин маркази илму маорифи кишвар метавон гуфт, ки таҳсилоти олӣ ва омодасозии кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ пайваста таҳти назари хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Барои идомаи сохтмони биноҳои нави ин донишгоҳ дар шаҳраки донишҷӯён 82 гектар замин ва маҷмааи биноҳои нотамоми хобгоҳҳо дубора ба ихтиёри он баргардонда шуд ва баҳри татбиқи  ин ҳадаф маблағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Танҳо барои сохтмони як хобгоҳи 9-ошёнаи он аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд, ки дар натиҷа  1038 нафар донишҷӯ соҳиби хобгоҳи муҷаҳҳазу муосир шуданд.

Ин хобгоҳ дорои 383 ҳуҷра, шароити хуби зист ва истироҳату фароғат буда, аз се қисм иборат аст.

Барои ду ё се ҳуҷра ташноб, ҷойи дастурӯшӯю оббозӣ бо оби гарму хунуки доимӣ ва дар ҳар як ошёна ошпазхона, толорҳои мутолиа ва  истироҳату фароғат ҷойгиранд.

Ҳуҷраҳои зисти донишҷӯён дорои катҳои зебою форами хоб, ҷевонҳои китоб либос, мизу курсӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошанд.

Ба бунёди марказҳои Интернет, китобхонаҳои электронӣ ва шароити омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад. Ҳоло дар донишгоҳ 6 маркази Интернет ва 1 китобхонаи электронӣ, 30 синфхонаи компютерӣ ва 3 маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ фаъолият мекунад.

Таҳти назорату ғамхории доимии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баъди сӯхтори шадиди 26 декабри соли 2007 дар зарфи 11 моҳ пурра барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва муҷаҳҳазу мураттаб карда шуд. Хотиррасон бояд кард, ки аз ин биноҳои донишгоҳ пас аз сӯхтор ғайр аз чор девори дудзада дигар чизе боқӣ намонда буд.

Ба сохтмону барқарорсозии биноҳо ва воридоти техникаю таҷҳизоти нав бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ беш аз 20 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд. Китобхонаи электронии донишгоҳ дорои 70 компютер аст ва ҳар яки он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Дар хотираи компютерҳои китобхонаи электронӣ 7 ҳазор китобҳои таълимӣ ва илмӣ ҷойгир шудаанд.

Дар донишгоҳ боз 6 синфхонаи дигари компютерӣ аст, ки онҳо ҳам бо Интернет ва китобхонаи электронӣ пайваст гардидаанд. Дар маҷмӯъ 135 компютери ба Интернет пайвастшуда барои донишҷӯён пешкаш гардидааст.

Мутобиқи дастурҳои дигари Сарвари давлат бояд дар кишвар Академияи илмҳои тиб, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси хун ва Маркази бемориҳои гулӯ ва гӯшу бинӣ таъсис дода шавад ва хобгоҳҳои донишҷӯён дубора ба мувозанаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии  Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргардонда шаванд. Ду хобгоҳ то охири соли оянда бояд пурра барқарор ва дар онҳо 1,5 ҳазор донишҷӯ ҷойгир шаванд.

Тақвияти имконоти кадромӯзии муассисаҳои олии таълимӣ дар ВМКБ ва вилояти Суғд низ мавриди назар ва ғамхории доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бунёди филиали Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ дар ноҳияи Рашт ва филиали Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои дахлдор барои ҳамин минтақаҳо равона гаштааст, зеро аксари донишҷӯёни дар пойтахт таҳсилкунанда ба деҳот барнамегарданд.

Дар соҳаи тандурустӣ ҳам, ки аз самтҳои дигари афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аст, пешравиҳои зиёд ба назар мерасад. Давоми соли 2007 ва 10 моҳи соли 2008-ум дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии беш аз 25 миллион сомонӣ садҳо иншооти ин соҳа мавриди тармиму навсозӣ қарор гирифта, даҳҳо биноҳои нави муосир барои беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бо маблағи қариб 12,4 миллион сомонӣ муассисаҳои табобатии кишвар бо таҷҳизоти нави муолиҷа ва муоинаи беморон таъмин карда шуданд.

Ҳамчунин шумораи зиёди мутахассисони ҷавони соҳа баҳри кор бо таҷҳизоти нави гаронарзиш дар дохил ва хориҷи кишвар омода карда мешаванд, зеро кор бо онҳо дониши амиқи касбию техникиро талаб мекунад. Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, пирону барҷомондагон, маъюбон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Имрӯз дар кишвар 530 ҳазор нафар нафақагирон ба қайд гирифта шудаанд, ки 140 ҳазори онҳо маъюбон мебошанд ва 19 ҳазори маъюбонро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ 78 мактаб-интернат вуҷуд дорад, ки дар онҳо 9 ҳазор нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунанд. Онҳо таҳти сарпарастӣ ва ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳар сол ду маротиба ин кӯдакон бо сару либос ва пойафзоли нав ва дигар маводи зарурӣ таъмин мегарданд.

Бо дастгирии давлату ҳукумат ва ғамхориҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастовардҳои варзишгарони кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ сол ба сол ҳарчи намоёнтар мешаванд. Дар 9 моҳи соли 2008 онҳо дар хориҷи кишвар ба гирифтани 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 162 медали биринҷӣ мушарраф гаштанд, ки пешравии хеле бузург аст. Албатта натиҷаи аз ҳама баланд ин сарфароз гардидани гӯштингирони тоҷик – Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев бо медалҳои нуқра ва биринҷии Бозиҳои 29-уми олимпӣ дар шаҳри Пекин буд.

Иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бозиҳои олимпӣ худ гувоҳи возеҳи дастгирии ӯ аз варзишгарони умедбахши тоҷик аст. Бо мукофоти баланди давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз намудани гӯштингирони маъруфи тоҷик Юсуф Абдусаломов ва Расул Боқиев низ далели таваҷҷӯҳи хоси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш аст.

Ҳоло бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҷудо кардани маблағҳои зиёд дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Турсунзода, Хоруғ, Ванҷ, Роштқалъа, Нуробод, Ҷиргатол, Тоҷикобод, Тавилдара ва Рашт варзишгоҳҳои  калони муосир меёбанд ва корҳои сершумори дигар оид ба таъмини оммавияти варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа амалӣ мешаванд, ки ин ҳама ҷавононро ба машғул шудан бо варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи шарафи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ ҳидоят мекунад.

Аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини дастрасии мардум ба иттилоот аст. Ба фаъолият шурӯъ намудани телевизиони иттилоотии Ҷаҳоннамо, ки шабакаи чаҳоруми телевизионии умумиҷумҳуриявӣ буда, шаборӯз мардумро бо хабарҳои наву тоза аз дохил ва хориҷи кишвар бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ ошно месозад, рӯйдоди навбатии дорои аҳамияти таърихӣ дар фазои иттилоотию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Дар давоми се соли охир бо ташаббус ва дастгирию пуштибонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва кори босамари Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари шабакаи аввал боз се шабакаи   умумиҷумҳуриявии телевизионӣ фаъол карда шуд, ки ин бешубҳа аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишвар ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон баҳри ғанигардонии фазои иттилоотӣ, демократикунонии ҷомеа ва таъмини гуногунандешӣ дар он гувоҳӣ медиҳад. Оғози кори шабакаи нави радиоӣ – Радиои фарҳанг  ва фаъолияти озодонаю босамари даҳҳо шабакаҳои радиоию телевизионии минтақавӣ низ шаҳодат аз фазои пурғановату гуногунранги иттилоотии кишвар аст.

Татбиқи амалии сиёсати дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишвар, истифодаи босамар аз имконоти рушди бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва ғамхорӣ ба мардум хусусан ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ пайваста зери назорати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Бо вазъи хоҷагии халқи кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зимни сафарҳои дохилии худ ва сӯҳбатҳо бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ шиносоии бевосита пайдо мекунад. Ҳадафи асосӣ қариб аз тамоми сафарҳои дохилии Сарвари давлат ба минтақаҳои кишвар дар соли 2008 шиносоӣ бо рафти татбиқи амалии муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи пурсамар аз ҳамаи заминҳои корам, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити болоравии нархи маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ буд.  Чунонки натиҷаҳо нишон медиҳанд, муроҷиатномаи Президенти кишвар дар миёни мардум ҳамовозии васеъ пайдо намуд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки истеҳсоли гандум нисбат ба ҳамин давраи соли 2007, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 4514 тонна зиёд шуда, болоравии нархи гандуму орд нигоҳ дошта шуд. Кишоварзони мамлакат баҳри рӯёнидани ду ва зиёда ҳосил аз заминҳои обӣ дар майдони 109 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки нисбат ба нақша 8 ҳазор гектар ва нисбат ба соли 2007 40918 гектар зиёд аст.

Тибқи маълумоти оморӣ то ба 1 ноябри соли 2008 истеҳсоли ғалладона дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 841 ҳазору 475 тон, картошка 539 ҳазору 903 тон ва сабзавот 738 ҳазору 198 тон расидааст.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳоло бояд дар 170 ҳазор гектар заминҳои обӣ кишти тирамоҳии ғалладона гузаронда шуда, соли оянда майдони кишти такрорӣ бояд ба 160 ҳазор гектар расонида шавад. Ин имкон медиҳад, ки бозори истеъмолии кишвар бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ фаровон гардад ва таъсири манфии беруна ба амнияти озуқаворӣ коҳиш ёбад.

Бо талабу дархост ва ҳидояту супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар тамоми бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, парандапарварӣ, боғутокпарварӣ, пахтакорӣ, парвариши занбӯри асал ва ғайра пайваста дар ҳоли рушд ва пешрафт мебошанд.

Соли 2008 сарфи назар аз зимистони шадиди гузашта ва камборишии фасли баҳор дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1705 тонна асал истеҳсол карда шуд, ки ин назар ба соли 2007 97 тон зиёд аст.

Таъмини хоҷагиҳо бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ низ рӯ ба беҳбудӣ дорад. Соли 2008 танҳо аз ҷониби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» 172 адад трактор ва мошинолот харидорӣ шуда, дар як қатор ноҳияҳои кишвар марказҳои нигаҳдорӣ ва хизматрасонии техникӣ таъсис дода шуд. Шумораи зиёди тракторҳо, автобусҳои мусофирбар, мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва компютерҳо ҳамчунин аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии хайрияи Тоҷикистон, ки муассиси он Эмомалӣ Раҳмон аст, харидорӣ ва ба мардуми ноҳияҳои ВМКБ ва водии Рашт тӯҳфа карда шуд.

Мардуми заҳматпеша аз ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳом гирифта ва эътимоди комил доранд, ки ҳамаи мушкилоти имрӯза пушти сар ҳоҳанд шуд.

Ҳадафи дигар аз сафарҳои дохилӣ таҷлили ҷашнҳои пурифтихори миллӣ аст, ки баргузории онҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳукми анъана даромада, ба баланд бардоштани ҳисси ифтихору сарфарозии мардум, пеш аз ҳама ҷавонон  аз таъриху фарҳанги бостонии миллати худ мусоидат мекунад. Ҷашнҳои Наврӯзи хуҷастапай, 800 - солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1150-солагии одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва  Соли забони тоҷикӣ аз ҷумлаи тантанаҳои пурифтихори миллию фарҳангии ин даврон буданд. Таҷлили 10-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ва 15- солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳое буданд, ки ба таҳкими ваҳдату ягонагии миллӣ ва сабақомӯзӣ аз таърихи пуршебу фарози Тоҷикистони навин  мусоидати фаъол намуданд.

Зимни сафарҳои имсолаи худ ба ВМКБ ва ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба зиддияту нофаҳмиҳое, ки байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва чанде аз гурӯҳҳои мусаллаҳи маҳаллӣ ба миён омада, фазои орому осудаи ин минтақаҳоро то андозае халалдор намуда буданд, хотима гузошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири халалнопазирии оромию суботи кишвар аз гуноҳи ин нафарон бори охир гузашт карда, онҳоро ба меҳнати осоишта ҳидоят намуд.

Сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва ноҳияҳои водии Рашт ҳамчунин дар таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии ин минтақаҳо нақши муҳим гузоштанд.

Ба ҳар як ноҳияи ин минтақаҳо ҷудо гаштани шумораи зиёди тракторҳои МТЗ-82, автобусҳои мусофирбар, мошинҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, компютеру принтерҳо ва маблағҳои калони иловагӣ нишона аз пешрафти намоёни иқтисодиёти кишвар, тақвият ёфтани имконоти молиявии давлати Тоҷикистон ва ғамхориҳои беназири Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми деҳот, хусусан деҳоти кӯҳистон гувоҳӣ медиҳад. 

Барои пӯшондани эҳтиёҷоти ВМКБ мабағҳои зиёд ҷудо мегарданд. Танҳо барои сохтмону таҷдиди иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо ва дастгирии соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2009 илова ба маблағҳои додашуд боз 53 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо карда мешаванд. Барои дастгирии буҷети маҳаллии ВМКБ 68 миллион сомонӣ субвенсия аз буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон таҳти раҳбарию раҳнамоии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра дар татбиқи сиёсати хориҷӣ низ, ки асоси онро стратегияи дарҳои кушода ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон ташкил медиҳад, ба дастовардҳои намоён ноил шуд.

Ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия баробари суръат гирифтани корҳо дар сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 бо сармоягузории ширкати Интер РАО ЕЭС, оғози ҳамкорӣ бо ҷамъияти саҳҳомии Газпром, густариши робитаҳои байниминтақавӣ ва ҳамчунин дигар  тадбирҳои муҳим ба сатҳи сифатан нав қарор гирифтанд, зеро дар муқоиса ба солҳои пешин дар ин давра таваҷҷӯҳи бештар ба муносибатҳои иқтисодӣ равона гардид.

Зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 2008 сурат гирифт, ба рушди васеъи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар заминаи боэътимод гузошта шуд.

Аз созишномаҳои баимзорасида ва изҳороти сарони ду давлат бармеояд, ки бо иштироки сармоя ва ширкатҳои бузурги Россия ва ҳам мутахассисони баландпояи он дар солҳои наздик дар баробари нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 дар Тоҷикистон 3 нерӯгоҳи дигари обии миёнаиқтидор сохта мешаванд ва баъди 2-2,5 соли дигар кишвари мо соҳиби гази худӣ мегардад. Ширкатҳои бонуфузи Россия ҳамчунин дар сохтмони нерӯгоҳи бузурги обии Роғун иштироки фаъол хоҳанд дошт. Истихроҷ ва коркарди ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ низ аз самтҳои пурманфиати ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

Истифодаи муштараки фурӯдгоҳи низомии Айнӣ ба Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Тоҷикистону Россия имкон медиҳад, ки онҳо ҳамгироии боз ҳам наздику босамар дошта бошанд ва зудамалиашон дар вақтҳои зарурӣ таъмин гардад. Қобили таъкид аст, ки ҳузури пойгоҳи низомии Россия ва ҳамгироиҳои он бо Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон нишонаи муҳими ҳамшарикии стратегии ду кишвар, кафолати сулҳу субот ва амнияту оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Дар соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз Россия дар Тоҷикистон зиёда аз 403 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Мубодилаи мол байни Тоҷикистону Россия танҳо дар 10 моҳи соли 2008 наздики 1 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба нишондоди солонаи соли 2007 хеле зиёд буда, аз афзоиши босуръати робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Ифтитоҳи филиали Донишгоҳи Давлатии Маскав ва ду муассисаи дигари таҳсилоти олии Россия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин таҳсили шумораи зиёди ҷавонон дар мактабҳои олии бонуфузи ин кишвар ба омодасозии кадрҳои баландпоя дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқу техникӣ ва низомӣ низ заминаи боэътимод хоҳанд гузошт.

Ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҳамсояи наздик ва шарики боэътимоди Тоҷикистон аст, баъди мулоқотҳои роҳбарони аввали ду кишвар дар чаҳорчӯби ҳамоишҳои Созмони ҳамкории Шанхай, сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва сафари расмии ҷавобии Раиси ин давлат Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва омода гаштани заминаи васеъи қарордодию ҳуқуқӣ густариши бесобиқа пайдо намуданд. Зимни сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон, ки моҳи августи соли 2008  ҷараён гирифт, 13  санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои солҳои 2008-2013, Ёддоштҳои тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ширкати чинии «Zijin international Mining Co.,Ltd» аз муҳимтарини ин санадҳо буд. Шаш санади дигар моҳи январи соли 2007-ум дар шаҳри Пекин зимни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба имзо расида буд, ки муҳимтарини онҳо Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин буд.

Ҳоло бо маблағи наздики 600 миллион доллари амрикоӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаҳои бузурги энергетикӣ ва нақлиёту коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, ки дар боло дар ин маврид зикр карда шуда буд.  Ғайр аз ин, солҳои наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионии кишвари мо аз Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин боз  400 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда мешаванд. Ширкати чинии «Zijin international Mining Co.,Ltd» баҳри истихроҷи тиллою нуқра аз кони Зарафшон ба ин ҷо 150 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мекунад. Дар соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз Чин ба Тоҷикистон наздики 254,4 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Мубодилаи мол дар соли 2007 ва 10 моҳи соли 2008 миёни Тоҷикистону Чин зиёда аз 635 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Аз шарикони стратегии хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки бо он моро умумиятҳои зиёди фарҳангию забонӣ ва манфиатҳои гуногуни муштарак муттаҳид месозанд. Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Эрон дар 10 моҳи соли 2008 зиёда аз 330 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, ки ин нисбат ба нишондоди солонаи соли 2007 қариб 30 миллион доллари амрикоӣ зиёд аст. Парчамбардори ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, бешубҳа, сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2 аст, ки он барои кишвари мо аҳамияти калон дорад.

Нақшаю тадбирҳои зиёди дигар ба мисли бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон, нерӯгоҳи обии Шӯроб, нақбҳои мошингарди Истиқлол ва Чормағзак, бунёди корхонаи коркарди нахи пахта дар шаҳри Хуҷанд, корхонаи муштараки истеҳсоли чароғҳои каммасрафи барқӣ дар шаҳри Исфара, корхонаи азими семент бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна дар ноҳияи Шаҳритус ва барқарорсозии корхонаи Тоҷикхимпром дар ноҳияи Ёвон метавонанд ҳамкориҳои Тоҷикистону Эронро амалан ба сатҳи ҳамшарикии стратегӣ бароранд.

Нигоҳ доштан ва рушди минбаъдаи робитаҳои анъанавӣ бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Муносиботи ҳасана бо кишварҳои қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бештар дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба назар мерасад.

Қобили таъкид аст, ки ташкил ва гузарондани ҳамоишҳои сарони давлатҳои се созмони мазкури қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Душанбе дар як вақт ва анҷом ёфтани онҳо бо натиҷаҳои деринтизори интегратсионӣ моҳи октябри соли 2007 ба болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд. Ҳамин гуна нақши намоёнро барои Тоҷикистон ҳамчунин ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай бозид, ки моҳи августи соли 2008 дар шаҳри Душанбе баргузор гашт. Бо баргузории чунин ҳамоишҳои бузург Тоҷикистон пайваста дар маркази таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор мегирад, ки ин дастоварди басо намоён ва муаррифии шоистаи давлати ҷавони миллати бостонию тамаддунсози тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Ҳамаи ин аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои ин созмонҳо ва дигар шахсиятҳои намоён натиҷаи рушди намоёни иқтисодию иҷтимоии кишвар ва ҳамбастагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми кишвар маънидод мегардад.

Дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронс оид ба ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, конфронси Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои ҳамсояву ҳамкор оид ба тақвияти сарҳад ва мубориза бо маводи мухаддир, Форуми 3-юми зиёни эҷодкори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар чорабиниҳои минтақавию байналмилалӣ низ ба болоравии нуфузи Тоҷикистон мусоидати фаъол намуд.

Робитаҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба низ густариш меёбанд.

Баъд аз Федератсияи Россия, тайи ду соли охир робитаҳои иқтисодӣ ва ҳам сиёсии Тоҷикистон аз ин кишварҳо бештар бо Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Украина ба назар мерасанд. Таконбахши ин муносибатҳо, пеш аз ҳама, робитаҳои сатҳи олии сиёсӣ буданд.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ва сафари расмии ҷавобии Нурсултон Назарбоев ба Тоҷикистон дар соли 2007 ва умуман робитаҳои мунтазами онҳо дар доираи ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ боиси пешрафти намоёни ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар гардиданд. Даҳҳо санадҳои ҳамкорӣ дар сатҳу зинаҳои гуногун ба имзо расиданд, ки ин заминаи хуби сиёсию  ҳуқуқӣ фароҳам овард.

Оғози фаъолияти бонкҳои саҳҳомӣ ва ширкатҳои бонуфузи Қазоқистон дар Тоҷикистон, аз  ҷумла иштироки бархе аз онҳо дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва омодасозии асоси техникию иқтисодии нерӯгоҳи обии Шӯроб аз қадамҳои нахустин ва умедбахши сармоягузорони қазоқистонӣ дар фазои иқтисодии кишвари мо аст. Дар соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон наздики 400 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Гардиши мол дар соли 2007 ва 10 моҳи соли 2008 қариб ба 600 миллион доллари амрикоӣ баробар гашт, ки ҳамаи ин натиҷаи рушди намоёни робитаҳои ду кишвар аст.

Ҳамкориҳои умедбахш ҳамчунин дар соҳаи маориф, илму техника ва фарҳанг низ байни Тоҷикистону Қазоқистон ба назар мерасанд. Баргузорсозии рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон ва баръакс аз  Қазоқистон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи тадбирҳои зиёде мебошанд, ки ба рушди бештари робитаҳои судбахш заминаи мусоид эҷод мекунанд. Ҳар сол ба мактабҳои олии Қазоқистон бо бурсҳои Ҳукумати он қабул шудани 100 нафар донишҷӯёни тоҷик низ дастоварди судбахш аст.

Солҳои охир робитаҳо бо Туркманистон ҳам густариши намоён пайдо мекунанд. Зимни сафарҳои расмие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба кишварҳои ҳамдигар доштанд, баҳри таҳкиму густариш додани ҳамкориҳои судманд заминаи боэътимод гузошта шуд.

Санади ҳамкории аз ҳама муҳими байни ду кишвар амалкунанда дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон қарордод дар бораи то соли 2012 ҳар зимистон интиқол додани 1,2 миллиард киловат/соат нерӯи барқи Туркманистон ба кишвари мо аст. Мувофиқаҳои муҳимми дигар ҳамчунин оид ба таъмини Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла кокси нафтӣ аст, ки кишвари мо ба онҳо ниёзи доимӣ дорад.

Робитаҳои мунтазам байни сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Қурмонбек Боқиев низ ба назар мерасанд. Натиҷаи дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории пайваста дар сатҳи олии сиёсӣ ва дигар сатҳу зинаҳо аст, ки ду кишвари ҳамсоя ва дорои захираҳои монанди табиӣ, аз ҷумла захираҳои обию энергетикӣ ва маъданҳои кӯҳӣ аз манфиатҳои ҳамдигар дар минтақа ва ҷаҳон пуштибонӣ мекунанд.

Имконоти муштараки азхуднамоии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ҳамчунин ба Тоҷикистону Украина барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд роҳи васеъ мекушоянд. Захираҳои фаровони гидроэнергетикии Тоҷикистон ва корхонаҳои азими саноатии Украина, ки текникаю таҷҳизоти гаронарзиш барои нерӯгоҳҳои обӣ истеҳсол мекунанд ва ҳамчунин робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва кишоварзӣ метавонанд заминаи хуберо барои бунёди ҳамкориҳои стратегӣ миёни ду кишвар эҷод намоянд.

Маҳз ҳамин нукта  зимни сафари расмии Президенти Украина Виктор Ющенко ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2008 ва зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина 4 декабри соли 2008 таъкид гардид.

Зимни шиносоӣ бо иқтидорҳои корхонаи азими Турбоатоми шаҳри Харков таъкид гашт, ки наздики 90 % таҷҳизоти нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон  дар ин ва дигар корхонаҳои Украина сохта шудаанд.

Мувофиқаҳо дар бораи бунёди ду корхонаи муштарак дар  Тоҷикистон оид ба истеҳсоли таҷҳизоти нерӯгоҳҳои хурд ва тракторҳои ХТЗ ва ҳамчунин ифтитоҳи филиали Донишгоҳи политехникии Харков дар шаҳри Душанбе аз натиҷаҳои бисёр босамари сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина мебошанд.

Бо Озарбойҷон ҳам ба туфайли иродаи баланди сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев заминаи васеъи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2007 ва 10 моҳи соли 2008 ҳаҷми мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Озарбойҷон зиёда аз 140 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд аст.  Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва аз  Озарбойҷон дар Тоҷикистон, ки дар сатҳи баланд ва фазои дӯстию тафоҳум ҷараён доштанд, аз ҳавасмандии  роҳбарият ва мардумони ду кишвар баҳри густариши робитаҳои гуногунсоҳаи судбахш дарак медиҳад.

Робитаҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо низ хеле густариш меёбанд. Дар соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иқтисодиёти Тоҷикистон наздики 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шудааст. Қобили таъкид аст, ки робитаҳои Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бештар дар чаҳорчӯби амалиёти байналмилалии зиддитеррористӣ ва мубодилаи иттилооту таҷриба оид ба барқарорсо¬зии сулҳу эътидол дар Афғонистон сурат гирифта, дорои аҳамияти хосса барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд. Ин аст, ки аз ҷониби ин давлатҳо баҳри пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон  ба сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба Қӯшунҳои сарҳадӣ кӯмакҳои зиёди техникӣ расонда мешаванд, зеро саҳми кишвари мо дар пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ва дигар хатарҳо хеле калон аст.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21 октябри соли 2008 дар Конфронси байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои ҳамкор ва ҳамсоя оид ба тақвияти сарҳад ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди маводи мухаддир иттилоъ дод, дар 9 соли охир дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 60 тон маводи мухаддир, аз ҷумла беш аз 28 тон героин аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шудааст. Ба гуфти мутахассисон агар ин миқдор героин то ба истеъмолкунанда мерасид, зиёда аз 30 миллион одамро дар олам метавонист нашъаманд созад. Натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қӯшунҳои сарҳадӣ дар се соли охир нишон медиҳанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар мусодираи маводи мухаддири Афғонистон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба 43 ва дар Осиёи Марказӣ ба 66 % баробар аст.

Аз ин хотир, ба гуфти Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, кӯмаки техникии давлатҳои ғарб дар рӯ ба рӯи чунин нишондодҳои зиддиқочоқӣ ҳоло ҳам нокифоя аст. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон истеъмолкунандагони асосии маводи мухаддир, яъне кишварҳои ғарб, хароҷоти худро баҳри мубориза бар зидди ин хатар, пеш аз ҳама дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он, аз ҷумла дар Тоҷикистон бояд зиёд намоянд, то ки  истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии он дар саргаҳаш пешгирӣ карда шавад.

Масъалаи ҳаётан муҳими дигаре, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҳамоишҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ пайваста ба миён мегузорад, ин ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба об ва гидроэнергетика аст. Масъалагузорӣ ва пешниҳодҳои Сарвари давлати Тоҷикистон дар саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором моҳи декабри соли 2007 дар шаҳри Беппуи Япония, аз ҷумла дар воситаҳои ахбори умум ҳамчун пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар дипломатияи масоили об маънидод шудааст. Пешниҳодҳои бисёр муҳими ӯ аз ҷониби роҳбарият ва намояндагони 49 давлат ва беш аз 10 созмони байналмилалию минтақавӣ, ки дар ин саммит иштирок доштанд, дастгирӣ ёфтанд.

Яке аз пешниҳодҳои ҷониби Президенти кишвар дар Маҷмаи кулли СММ баррасии масоили глобалии об буд, ки моҳи сентябри соли 2008 дар амал татбиқ шуд. Иҷлосияи 63-юми Маҷмаи кулли СММ ба масоили об ва санитария дар ҷаҳон бахшида шуд. Нақши Тоҷикистон ва бевосита Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили об ва дигар мушкилоти глобалӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътирофу дастгирӣ қарор гирифтааст. Ин аст, ки моҳи сентябри соли 2008 бори нахуст дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон аз се ҳамоиши бузурге, ки дар Созмони Милали Муттаҳид баргузор шуд, ду тои он таҳти раёсати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт.

Хотиррасон бояд кард, ки ин иштироки 10-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои бузурги СММ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд. Пешниҳодҳои дорои аҳамияти ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳар дафъа мавриди дастгирӣ ва пуштибонии васеъ қарор мегирад.

Аз ҷумла бо пешниҳоди ӯ соли 2003 дар ҷаҳон “Соли оби тоза” ва солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт” эълон карда шуд, ки аксари саммитҳои оби ҷаҳонию минтақавии солҳои охир дар чаҳорчӯби ҳамин тадбирҳо баргузор мешаванд. Баҳри татбиқи амалии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оби тозаи кӯли Сарез барои таъмини минтақаи Осиёи Марказӣ бо оби нӯшокӣ аз ҷониби роҳбарияти созмони ЮНЕСКО изҳори омодагӣ карда шуд. Пешниҳодҳои дигари ӯ дар бораи қабули Конвенсияи Байналмилалии об, таъсис додани фондҳои фавқулоддаи минтақавию байналмилалии об, ба Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал додани мақоми муассисаи назди Созмони Милали Муттаҳид ва минтақаи афзалиятноки татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола эълон намудани ҳавзаи баҳри Арал дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор доранд.

Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба фаъолияти минбаъда дар соҳаи маблағгузории  рушд  барои  шарқи ҷараёни татбиқи Консенсуси Монтеррей, ки таҳти назари Созмони Милали Муттаҳид дар Қатар охири моҳи ноябр ва аввали декабри соли 2008 баргузор гардид, ба андешаи коршиносон аз комёбиҳои намоён дар татбиқи сиёсати хориҷӣ ва башардӯстонаи Тоҷикистон буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва раҳоӣ ёфтан аз он, аз ҷумла пешниҳод намуд, ки низоми идории созмонҳои молиявии мададрасон тағйир дода шавад ва тағйирот тарзе сурат гирад, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар идораи ин созмонҳо иштирок карда тавонанд.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон “тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ки зиёда аз 50 миллион аҳолӣ дорад ва обшавии босуръати пиряхҳои кӯҳҳои Помир, асосан дар зери таъсири саноати кишварҳои пешрафта сурат мегирад, зеро дар худи минтақа корхонаҳои азими саноатӣ хеле каманд”. Аз ин рӯ ӯ ба кишварҳои мутараққии саноатӣ барои кӯмакҳои башардӯстонаашон арзи сипос намуда, дар баробари ин савол ба миён гузошт, ки “оё кӯмакҳои онҳо ба зарари ба иқлими ин минтақаи бузург расондаашон баробар шуда метавонад”?

Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон, бешубҳа, таъмини робитаҳои пайваста бо давлатҳои араб ва кишварҳою созмонҳои олами ислом аст. Аз моҳи феврали соли 2007 ин ҷониб пас азсафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҷумҳурии Арабии Сурия ва баъдан ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар барои рушди ҳамкориҳо бо ин ва дигар давлатҳои арабӣ марҳилаи сифатан нав оғоз ёфт. Аз байни онҳо муносибат бо Амороти Муттаҳидаи Араб ва Давлати Қатар пайвастагии бештар касб мекунанд, зеро зимни сафарҳои мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сафарҳои ҷавобии намояндагони воломақоми Амороти Муттаҳидаи Араб ва Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ба Тоҷикистон баҳри густариши робитаҳои гуногунсамти судбахш заминаи мусоиди сиёсӣ ва ҳуқуқию қарордодӣ муҳайё гардид.

Бо Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир ва Ҷумҳурии Яман низ робитаҳо дар ҳоли рӯ ба густариш мебошанд, Хусусан бо Яман, ки дар он беш аз 700 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон Ватани худро ба таври шоиста муаррифӣ мекунанд. Муносибатҳо бо кишварҳои арабӣ ва мусулмонӣ ҳамчунин дар чаҳорчӯби Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият меёбанд. Иштироки доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоишҳои Созмони Конфронси Исломӣ, масъалагузориҳои ҷасуронаю пурманфиат дар онҳо ва муҳимтар аз ҳама пуштибонии доимиаш аз номи поки дини мубини Ислом дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ боиси болоравии обурӯю нуфузи  Президент ва давлати Тоҷикистон дар ҷаҳони ислом гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Мардумӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутефлиқа моҳи марти соли 2008 зимни сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба ин кишвар эътибори байналмилалии раҳбару раҳнамои кишвари моро таъкид намуда, чунин изҳор дошт: “Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси сиёсатмадори варзидаи ҷасуру ошкоргӯ ва шахсияте, ки забонаш бо дилаш як аст, медонам ва эҳтиром мекунам”.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ду маротиба ба забони тоҷикии соддаю оммафаҳм тарҷума ва дастраси мардум кардани Қуръони Карим идомаи корҳои шоистаи Сарвари давлат Эмомали Раҳмон баҳри беҳдошти ҳаёти мусулмонони кишвар аст.  Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон гаштани соли 2009 аз ҷумлаи тадбирҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки натанҳо ба раванди устуворгардонии ваҳдату ягонагии миллӣ дар дохили кишвар мусоидати фаъол мекунад, балки обурӯю нуфузи давлати Тоҷикистонро дар олами ислом боло мебарад, зеро беш аз 70 дар сади мусулмонони олам пайравони мазҳаби ҳанафӣ мебошанд. Асоси ин мазҳаб аз ҷониби фарзанди барӯманди миллати тоҷик Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит гузошта шудааст.

Хулласи калом, ҳамаи он ҳадафу вазифаҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни савгандёдкунии тантанавии пас аз интихобот ва дар паёмҳои солона ба Парлумони кишвар дар назди худ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои марҳилаи нави бунёдкорию созандагии Тоҷикистони азиз гузоштааст, дар амал бо муваффақият татбиқ мешаванд.

Аз ҷумла:

Се агрегати нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ба кор даромад ва агрегати чорум низ ба наздикӣ омода мешавад.

Сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда – 2 суръати тоза пайдо намуд.

Идомаи бунёди нерӯгоҳи азими Роғун бо қувваи худӣ авҷи тоза гирифт.

Хати 220 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Лолазор – Хатлон ба кор даромад ва бунёди хати 500 киловолтаи Ҷануб – Шимол бо суръат идома дорад.

Роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ба чор тарафи дунё дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Бунёди тунелҳои мошингарди Истиқлолу Шаршар дар ҳоли анҷомёбианд ва баъди беш аз як соли дигар тунели Шаҳристон низ ифтитоҳ мешавад.

Шумораи пулҳои мошингард миёни Тоҷикистону Афғонистон ба 4 адад расид ва ҳаҷми боркашонӣ бо кишварҳои ҷануб ба маротиб зиёд шуд.

Болоравии босуръати нархи озуқаворӣ, хусусан орду гандум ва меваю сабзавот пешгирӣ карда шуд.

Иқтисодиёти давлат рушди бесобиқа пайдо намуда, ба афзоиши баланди маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва бунёдкорию созандагӣ боис шуд.

Пеши халалдоршавии оромию суботи ҷомеа дар Бадахшону Рашт гирифта шуд ва ваҳдату ягонагии миллӣ тақвият ёфт.

Бо сиёсати мутавозину бобарори хориҷии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон обурӯю нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистон хеле боло рафт.

Саммитҳои сегонаи сарони кишварҳои ИДМ, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия, ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва конфронсу дигар чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе нақши Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ баръало нишон доданд.

Бо суханрониҳои худ дар СММ, саммити 1-уми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ва  Созмони Конфронси Исломӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии аҳли башар қадамҳои устувори навбатӣ гузошт.

Муносибатҳои дуҷониба низ бо шарикони анъанавию стратегии Тоҷикистон  ва давлатҳои ҳамсояву ҳамкор рушди бонизом пайдо намуданд.

Бо дарку диди ин нишондодҳо коршиносон бовар доранд, ки бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ ба Тоҷикистон таъсири калони манфӣ намерасонад ва пешрафти бонизоми он солҳои оянда устуворона идома меёбад. 

Чунонки аён мегардад, ҳадафу вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ муайян намудааст, устуворона амалӣ мешаванд ва боварию эътимоди қавии ӯ ҳамаи нерӯҳои созандаи кишварро низ муътамад намудааст, ки тайи чанд соли оянда сатҳ ва сифати зиндагии мардум хеле боло хоҳад рафт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520